Қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Чӣ гуна бояд худро аз онҳо муҳофизат кард?

Мо дар замони рушди босуръати технология қарор дорем. Истифодаи телефонҳои ҳушманду мессенҷерҳо бештару муомилоти молиявӣ осон шудаанд. Аммо, дар баробари ин ҳама пешрафт, хавфҳои зиёд, аз ҷумла қаллобии рақамӣ афзудааст. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои “Телеграм”, “Вотсап” ва “Фейсбук” мардум ба фишору фиреби иттилооти бардурӯғ ва қаллобӣ дучор мегарданд. Чӣ гуна метавон аз онҳо эътиёт кард?
Пайвандҳои шубҳанокро боз накунед
Бино ба тавсияи мутахассион, ҳама гуна барномаҳоро танҳо аз App Store ё Play Market боргирӣ намоед. Бисёре аз барномаҳои фиреб ё фейк метавонанд маълумоти шахсии шуморо дуздида, телефони шуморо вируснок созанд. Пеш аз насб кардан, ҳатман аз дӯстон ё шахсони боэътимод дар бораи барнома маълумот пурсед.
Қаллобон бо истифода аз пайвандҳои “ссилка”-ҳои шубҳанок кӯшиш мекунанд ба сомонаҳои сохтаашон шуморо ворид намоянд. Аксаран чунин пайвандҳо бо “http” оғоз мешаванд, на бо “https”. Ин нишонаи набудани амният аст. Ҳамчунин, пайвандҳое, ки рамзҳои нофаҳмо доранд ё тахфиф ва бурдҳои аз ҳад зиёд ваъда мекунанд, хатарноканд.
Маълумоти кортро махфӣ нигоҳ доред
Рақами корти бонк, муҳлати истифода ва махсусан рамзи серақамаи паси корт (CVV) бояд танҳо дар ҳолати зарурӣ ба сомонаҳои расмии боэътимод ворид карда шавад. Ин маълумотро ҳеҷ гоҳ дар паёмак, мессенҷер ё телефон ба шахсони номаълум надиҳед. Қаллобон метавонанд бо гирифтани ин маълумот маблағи шуморо пурра дузданд.
Аз фишинг, ки доми хатарноки иттилоотии қаллобон аст, боэҳтиёт бошед. Фишинг як навъи қаллобии рақамӣ мебошад, ки ҳадафаш ҷамъоварии маълумоти молиявии шахсӣ аст. Масалан, паёмаке меояд: “Ба ин пайванд дароед ва бурди худро гиред” ё “Барои тахфифи 90% инҷо клик кунед”. Дар асл, чунин пайвандҳо шуморо ба сомонаҳои сохта мебаранд, пас аз ворид кардани маълумот, маблағи шуморо дуздида метавонанд.
Агар эҳсос кардед, ки маблағи шуморо дуздидаанд, фавран кортро дар барномаи мобилии бонк масдуд кунед. Бо рақами муроҷиати бонк тамос гиред ва ҳодисаро шарҳ диҳед. Дар ҳолатҳои ҷиддӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед. Имрӯз бисёре аз бонкҳо имконияти масдудкунии фаврии кортро дар замимаи мобилӣ медиҳанд, ин як воситаи муҳими муҳофизат мебошад.
Ҳушёр бошед, ба ҳар паём бовар накунед ва танҳо аз манбаъҳои боэътимод, яъне бонкҳо истифода намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube