Рубрики Хабарҳо

Қатар

Қатар як давлати хурдакаки арабист. Аммо, андозаи хоксоронаи қаламрав ба Қатар яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон шуданаш монеъ намешавад. Сарвати табиии ин минтақа ба мардуми Қатар имкон дод, ки дар замини сахт ва беш аз ҳама беҳосил минтақаи биҳиштосое  бунёд кунанд. Бо вуҷуди андозаи воқеан хурд — тақрибан 11,5 ҳазор километри квадратӣ — дар Қатар тақрибан ду миллион наафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Қатар дар боигарии худ ба конҳои нафти дар қаламрави он кашфшуда вобаста  аст. Асъори пулии кишвар реал аст, аммо ин реали Бразилия нест, балки пули миллии худи Қатар мебошад.

Қисми зиёди Қатар биёбони беоб аст. Ҳарорати ин кишвар дар айёми тобистон хеле гарм аст, чун сайёҳон мегӯянд, ки  ҳароратсанҷ метавонад ба осонӣ то дараҷаи 50 дараҷа баландро нишон диҳад. Қатар дар тӯли таърихаш зери ҳукмронии Баҳрайн, Португалия, Империяи Усмонӣ ва Бритониёи Кабир қарор дошт. Роҳбари Қатар амир аст ва касе ҳуқуқи дахолат ба фурсати ҳукмронии ӯро  надорад.  Қатар намояндаи возеҳи монархияи мутлақи теократӣ, яъне шакли давлатест, ки имрӯз хеле камёб аст.   Ҳамаги 40 дарсади аҳолаш арабзабон бошанд ҳам, забони расмии давлатиаш арабист. Як замон шуғли асосии мардуми таҳҷоии кишвар дарёфту фурӯши  марворид буд. 

Гирифтани шаҳрвандии ин кишвар барои хориҷиён мутлақо номумкин аст. Кулли ҷавонони кишвари қатар бо ду забон гуфтугӯ карда метавонанд-англисӣ ва арабӣ. Фурӯши машрубот қатъиян манъ аст. Оби нӯшокии тоза аз нӯшокии кока-кола қиматтар меистад. Қариб ки ҳамаи маҳсулоти хӯрока ба ин кишвар ворид карда мешавад. Дар Қатар нақлиёти ҷамъиятӣ қариб вуҷуд надорад, аммо бензин хеле арзон аст.  Пляжҳо дар Қатар танҳо дар қаламрави пӯшидаи меҳмонхонаҳои гаронбаҳо ҳастанд. Аммо, ҳама меҳмонхонаҳо дар Қатар гарон ҳастанд.  Дар ин кишвар дар як сол ҳамагӣ ду, се маротиба борон меборад. 

 

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *