Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷаримаҳои маъмурии ҳангуфт нигаронӣ мекунанд. Бахусус агар онҳо бо музди меҳнат ва ҷаримаҳои маъмурӣ дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муқоиса қарор гиранд.
Биёед, муқоиса мекунем, ки то куҷо ҳаҷми ҷаримаҳо бо даромадии воқеии аҳолӣ мувофиқат мекунад.
Ҷаримаҳо чӣ гуна мешаванд?
Ҷаримаҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: маъмурӣ ва ҷиноятӣ.
Ҷаримаҳои маъмурӣ барои қонуншиканиҳои начандон ҷиддӣ, масалан вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, риоя накардани меъёрҳои беҳдошт (санитарӣ) ва дигар ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ муқаррар карда мешаванд. Ҷаримаҳои ҷиноятӣ бошанд, барои ҷиноятҳои вазнину ҷиддӣ, масалан қаллобӣ, ришвахорӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва ҷиноятҳои зидди моликият таъин карда мешаванд.
Ҷаримаҳои маъмурӣ бештар марвиди исифода қарор доранд, зеро ҷанбаҳои бештари қоидавайрокуниҳоро фаро мегиранд. Онҳо метавонанд сангинтар бошанд, зеро маблағи онҳо назаррас ва ҳолатҳои содир шуданашон тез-тез сурат гирад.
Ҷаримаҳои маъмурӣ
Мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бо ҷарима ҷазо дода мешаванд, ба категорияҳо ҷудо карда шудаанд. Асосиашон инҳоянд:
— вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
— вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ;
— саркашӣ аз пардохти андоз ва боҷҳо;
— вайрон кардани меъёрҳои беҳдоштӣ (санитарӣ);
— вайрон кардани қонунгузории меҳнат;
— вайрон кардани қоидаҳои савдо ва фаъолияти соҳибкорӣ;
— қоидавайронкуниҳо дар соҳаи экология;
— қоидавайронкуниҳо дар соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ.
Ҳаҷми ҷаримаҳои маъмурӣ вобаста ба ҷиддӣ будани қоидавайронкунӣ ва ҳолатҳои содир гардидани он метавонанд фарқ кунанд.
Ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва соҳибкори инфиродӣ (бо патент фаъолияткунанда) дар ҳаҷми на камтар аз 1, шахсони мансабдор — на камтар аз 3, шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ (шаҳодатнома) — на камтар аз 10 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1 январи соли 2025 — 1 нишондиҳанда — 75 сомонӣ) муқаррар карда шудааст.
Ҳаҷми ҷаримаи ҳадди ниҳоӣ (максималӣ) барои шахсони воқеӣ на бештар аз 100 нишондиҳанда барои ҳисоб, шахси мансабдор — на бештар аз 200, соҳибкори инфиродӣ (шаҳодатнома) — 300 ва шахси ҳуқуқӣ — на зиёдтар аз 1000 нишондиҳандаро ташкил медиҳад.
Таҳти ҷаримаи ҳадди ниҳоӣ (1000 нишондиҳанда) дар Кодекс, аз ҷумла қоидавайронкуниҳои зерин дохил мешаванд:
— расонидани зарар ба истеъмолгари молу маҳсулот (кор, хидматрасониҳо), ки ба талаботи пешбинишудаи бехатари ҷавобгӯ нестанд;
— ба корҳо ҷалб намудан ё бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;
— риоя накардани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ;
— аз ҷониби созмонҳои ғайридинӣ нашр кардани адабиёт, ашё (предмет) ва дигар маводи таъиноти динӣ;
— аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ қабул кардани хайрияҳои ғайриқонунӣ.
Қоидавайронкуниҳои бештар маъмул, ки ба онҳо метавон дар навбати аввал вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нисбат дод, бо чунин маблағҳо ҷарима мешаванд:
— аз ҷониби ронанда итоат накардан ба рангҳои чароғаки раҳнамо ва амали танзимгар дар роҳ — аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 225 то 375 сомонӣ);
— аз ҷониби ронанда риоя нашудани талаботи аломатҳои роҳ, хатҳои ҷудошудаи роҳ — 1 нишондиҳанда (75 сомонӣ);
— аз ҷониби ронанда риоя нашудани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ — аз 1 то 3 нишондиҳанда (аз 75 то 225 сомонӣ);
— истифодаи телефони мобилӣ бидуни таҷҳизоти махсус ҳангоми идораи воситаи нақлиёт — аз 2 то 3 нишондиҳанда (аз 150 то 225 сомонӣ);
Ҳамчунин ба гунаи мисол метавон маблағи ҷарима барои баъзе қоидавайронкуниҳоро зикр кард:
Ҷарима барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандон як падидаи нисбатан нав дар Тоҷикистон аст
Акс аз Asia-Plus
— аз ҷониби волидон риоя накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандон — аз 10 то 12 нишондиҳанда (аз 750 то 900 сомонӣ);
— аз ҷониби шахсони мансабдор риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат – аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1500 то 2250 сомонӣ);
— машғул шудан ба фоҳишагарӣ — аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1500 то 2250 сомонӣ);
— аз ҷониби шахси воқеӣ зарар расонидан ва беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ – аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1500 то 2250 сомонӣ);
— парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъаовар – аз 5 то 10 нишондиҳанда (аз 375 то 750 сомонӣ);
— рафтори бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва паранда – аз 3 то 5 нишондиҳанда (аз 225 то 375 сомонӣ);
— майдавабошӣ, яъне алфози қабеҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, муносибати таҳқиромез нисбат ба шаҳрвнадон ва дигар аъмоли ба ин монанд – аз 7 то 10 нишондиҳанда (аз 525 то 750 сомонӣ);
— машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинӣ – аз 80 то 100 нишондиҳанда (аз 6000 то 7500 сомонӣ);

Дар Тоҷикистон бисёр вақт шахсоне боздошт мешаванд, ки ба сеҳру ҷодугурӣ ва фолбинӣ машғуланд
Акс аз Раёстаи ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе
— гум кардан ё зарар расонидан ба шиноснома – аз 1 то 2 нишондиҳанда (аз 75 то 150 сомонӣ);
— соҳибкории ғайриқонунӣ – аз 70 то 80 нишондиҳанда (аз 5250 то 6000 сомонӣ);
— аз ҷониби шахси воқеӣ ба харидор надодани расид (чек) – аз 3 то 7 (аз 225 то 525 сомонӣ);
— аз ҷониби шахси воқеӣ пинҳон нигоҳ доштани нуқсонҳои молу маҳсулот – аз 3 то 5 нишондиҳанда (аз 225 то 375 сомонӣ).
Баландтарин дар минтақа
Вазнинии ҷаримаҳои маъмуриро метавон бо муқоиса кардани ҳадди ниҳоии андозаи онҳо барои шахсони воқеӣ нисбат ба музди миёнаи меҳнат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян кард. Ин то ҳадде гаронии ҷаримаҳои маъмуриро нишон медиҳад.
Дар Тоҷикистон тавре ки дар боло гуфтем, ҳаҷми ҳадди аксари ҷарима барои шахсони воқеӣ 100 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад, ки ба 7500 сомонӣ (ҳудуди 708 доллар тибқи қурби имрӯзаи БМТ) баробар аст. Музди меҳнати миёна дар моҳи январи соли ҷорӣ 2661 сомонӣ (251 доллар)-ро ташкил дод. Мутаносибан маблағи ҷарима зиёда аз 2,8 баробар аз маоши миёна дар кишвар зиёдтар аст.
Дар Қазоқистон ҳаҷми ҷарима ба шахси воқеӣ набояд аз 300 нишондиҳандаи моҳона барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда — 3932 танга), яъне 786,4 ҳазор танга (1537 доллар) зиёд бошад. Маоши миёна дар аввали соли ҷорӣ ҳудуди 435 ҳазор танга (қариб 851 доллар)-ро ташкил дод. Аз ин бармеояд, ки ҳаҷми ҳадди ниҳоии ҷарима 80,5% аз маоши миёна зиёд мебошад.
Дар Қирғизистон ҳадди аксари ҷарима барои шахсони воқеӣ набояд аз 200 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда — 100 сом) зиёд бошад, ки ба 20 ҳазор сом (ҳудуди 229 доллар) баробар аст. Маоши миёна дар моҳи январи соли равон 39 342 сом (450 доллар)-ро ташкил дод. Яъне ҳаҷми ҷарима 50,9% поинтар аз маоши миёна аст.
Дар Ӯзбекистон ҳаҷми ҳадди аксари ҷарима барои шахсони воқеӣ набояд аз 5 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда — 375 ҳазор сӯм), яъне 1 млн 875 ҳазор сӯм (145 доллар) зиёд бошад. Маоши миёна дар моҳи январ 5 352 258 сӯм (414 доллар)-ро ташкил дод, ки 35% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми ҳадди ниҳоии маош зиёдтар аст.
Аз ин рӯ, таносуби ҷаримаи ҳадди аксар ба музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон баландтарин дар байни кишварҳои минтақа аст, ки аз душвории молиявии зиёдтари сокинони ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар Қазоқистон низ ҷаримаҳо хеле баланданд, лекин нисбат ба Тоҷикистон аз лиҳози молиявӣ камтар ташвишоваранд. Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷаримаҳои маъмурӣ аз маоши миёна ба таври назаррас поинтаранд.

Аз рӯйи даромад ҷарима кардан лозим аст?
Бархе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тадриҷан ба системаи ҷаримаҳои мутаносиб гузарад, ки тибқи он маблағи ҷаримаҳо вобаста ба даромади шаҳрвандон таъин мешавад.
Ин системаро боадолаттар медонанд, зеро он ба коҳиши душвории молиявии аҳолии камбизоат аз ҳисоби боло бурдани ҷаримаҳо барои афроди сарватманд имкон медиҳад. Илова бар ин, боло бурдани ҳаҷми ҷарима барои сарватмандон аз лиҳози назариявӣ метавонад ба коҳиши содир кардани қоидавайронкуниҳо миёни онҳо оварда расонад.

Системаи мутаносиб дар ҳамаи кишварҳои Скандинавия ва баъзе кишварҳои дигари Аврупо амал мекунад.
Дар Финландия ҷаримаҳо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар ҷаримаҳои маъмурӣ метавонанд ба даромади қоидавайронкун вобаста бошанд. Онҳо бар асоси даромади солонаи ӯ ҳисоб мешаванд ва ҷӣ қадре, ки даромад зиёд бошад, ҷарима ҳам ҳамон қадр баланд мешавад.
Дар Шветсия низ ҷаримаҳо вобаста ба даромад метавонанд фарқ кунанд. Масалан, ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ вобаста ба даромади моҳонаи қоидавайронкун ҳисоб карда мешаванд.
Дар Норвегия системае амал мекунад, ки ҷаримаҳо барои қоидавайронкуниҳои муайян, аз қабили баланд кардани суръат метавонанд ба даромади қоидавайронкун мутаносиб бошанд.
Дар Дания низ таҷрибаи ҷаримаҳое мавриди амал қарор дорад, ки ба сатҳи даромади шаҳрвандон вобаста аст.
Ҳамчунин дар Олмон, Швейтсария, Австрия, Фаронса ва Британия низ барои қоидавайронкуниҳи муайян чунин система амал мекунад.
Дар кишварҳои Назди Балтика, аз ҷумла Эстония ва Латвия ҳам системаи ба ин монандро мавриди санҷиш қарор додаанд.