Categories Хабарҳо

Таъсиси сандуқи тавсеъаи Тоҷикистону Кувайт

Тоҷикистон ва Кувайт дар мавриди таъсиси сандуқи вижаи тавсеъа барои ҳимоят ва сармоягузорӣ дар Душанбе ба тавофуқ расиданд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Неъматулло Ҳикматуллозода вазири тавсеъа, иқтисод ва тиҷорат ва тарафи Кувайтро Халиф Ҳаммод муовини аввали вазири дороии ин кишвар бар ӯҳда дошт.

Тарафайн дар ин дидор бар зарурати баррасии таҳияи барномаи ҳамкорӣ миёни 2 кишвар дар арсаи гардишгарӣ барои солҳои 2018-2020 таъкид ва дар мавриди ҳимоят аз тавсеъаи тарҳҳои кӯчак ва миёна дар Тоҷикистон ва ҳамчунин эҷоди сандуқи муштараки тавсеъа тавофуқ карданд.

 

Сандуқи тавсеъаи иқтисодии Кувайт омодагии худро барои сармоягузорӣ дар пружаҳои авлавиятдори  Тоҷикистон аз ҷумла сохти бахшҳое аз роҳи «Кӯлоб – Қалъаи Хумб» эълом кард.

Дар ин нишаст  дурнамои ҳамкорӣ миёни 2 кишвар дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, молӣ, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, умури банкӣ, ҳамлу  нақл, кишоварзӣ, нафт ва газ, барқ, омӯзиш, фарҳанг, гардишгарӣ, варзиш, радио ва телевизион мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *