Рубрики Хабарҳо

Вакили қирғиз хостори баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуд

Собиқ вакили порлумони Қирғизистон, раиси Анҷумани дифоъ аз ҳуқуқи интихобкунандагон Бакит Керимбеков дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бояд дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шавад.

Ба гуфтаи вай, Садир Жапаров ҳангоми интихоб шуданаш ба мақоми раисиҷумҳури кишвар аз руи талаботи Конститутсияи солҳои 2010-2016 савганд ёд карда буд.

Ба гуфти Керимбеков дар Қонуни асосии нав ваколатҳои президент тағйир ёфтанд. Аз ин рӯ, барои тасдиқи онҳо ба интихоботи пеш аз муҳлат рафтан лозим аст. Танҳо дар ин сурат фаолияти президентии Содир Ҷаборов қонунӣ мешавад.

Раиси Анҷумани дифоъ аз ҳуқуқи интихобкунандагони Қирғизистон гуфт,  Жогорку Кенеш бояд масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро баррасӣ кунад. Ва тавзеҳ дод, ки ба унвони раисиҷумҳур ва раҳбарони фраксияҳо номаи дахлдор ирсол кардааст, то вакилони мардумӣ масъалаи пеш аз мӯҳлат овоздиҳиро баррасӣ кунанд. Аммо Керимбеков мегуяд, ки ба ин номаҳояш то ҳол ҷавоб нагирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *