Рубрики Хабарҳо

Тасмими Опек плюс: коҳиши 100 ҳазор бушкаи тавлиди рӯзона

Опек плюс бо муаллақ кардани тасмими як моҳ пеши худ, аз моҳи октябр тавлиди худро ба мизони сад ҳазор бушкаи нафт коҳиш хоҳад дод. Ин тасмим билофосила ба афзоиши қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ анҷомид. 

Вазирони нафт ва энерҷии кишварҳои узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва муттаҳидонаш (эътилофи Опек плюс) дирӯз душанбе, дар сиюдувумин иҷлоси худ тасмими моҳи худ барои афзоиши мулоими тавлиди нафтро пас гирифтанд ва қарор шуд, ки саҳмияи тавлиди нафти хоми кишварҳои узви ин эътилоф дар моҳи октябр 100 ҳазор бушка коҳиш ёбад. 

Онҳо коҳиши рушд дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва кам шудани талаботро иллати тасмими худ эълом карданд. Дар ҳафтаҳои ахир умедворӣ ба эҳёи Барҷом низ то ҳудуде баҳои нафт дар ҷаҳонро таҳти таъсир қарор дод ва коҳиши хафифи онро ба думбол дошт. 

Опек плюс, ки бист кишвар ва аз ҷумла Русия ва Арабистонро ба унвони бузургтарин тавлидкунандагони нафти дунё шомил мешавад, дар вокуниш ба кам шудани талабот дар авҷи буҳрони шуйъии вируси Ковид-19, тавлиди худро аз моҳи майи соли 2020 то ҳудуде маҳдуд кард, аммо пас аз он замон бо беҳбуди тақозо, маҳдудияти арза ба мурур коҳиш дода шуд. 

Аввали августи имсол Опек плюс ҳатто тасмим гирифт, ки сад ҳазор бушка дар рӯз ба тавлиди худ биёфзояд. Ин кишварҳо рӯзона маҷмӯъан 44 миллион бушкаи нафт тавлид мекунанд. 

Тасмими дирӯзи Опек плюс аввалин давр аз коҳиши тавлид дар ин маҷмӯа дар соли ахир аст. 

Бо эъломи тасмими Опек плюс, баҳои нафти брент дар бозори ҷаҳонӣ ба 96,64 доллар расид, ки нисбат ба рӯзи ҷумъаи гузашта 3,62 доллар гаронтар буд. Аммо субҳи имрӯз жубора каме поён рафт ва 95,23 доллар шуд. 

Аъзои ин эътилоф тасмим гирифтанд сисевумин нишасти Опек плюс 5 октябр 2022 баргузор шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *