Ба ифтихори 700-солагии шоири классики адабиёти форсу тоҷик Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Ин чорабинӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор шуд.
Дар маросими расмии ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито суханронӣ намуда, аз мақому манзалати Ҳофиз ва нақши ӯ дар рушди адабиёти ҷаҳонии форсу тоҷик ёдовар шуданд.
Дар намоиш нусхаҳои нодири хаттии «Девони Ҳофиз» аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд. Ин нусхаҳо дорои аҳамияти хосси илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Ҳамчунин, намунаҳои нодири ҳунари хушнависӣ ва санъати миниётурасозӣ, ки аз ҷониби рассоми маъруфи тоҷик Олимҷон Комилзода бо илҳом аз ғазалиёти Ҳофиз офарида шудаанд, бахши муҳими намоишро ташкил доданд.
Илова бар осори хаттӣ, тамошобинон имкони дидани намунаҳои гуногуни ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ, аз ҷумла сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар навъҳои мероси миллии фарҳангиро низ пайдо карданд.
Ҳадафи асосии намоиш арҷгузорӣ ба осори бебаҳои Хоҷа Ҳофиз ва муаррифии мероси фарҳангии мардуми тоҷик дар маркази фарҳангии Аврупо мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube