Рубрики Хабарҳо

Жеенбеков дар Маскав ба Паради ҳарбӣ роҳ наёфт

Сооронбой Жээенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон, ки рӯзи 23 июн ба хотири ширкат дар паради бахшида ба 75-солагии ғалаба бар фашизм ба Маскав омада буд, рӯзи 24 июн аз иштирок дар ин парад худдорӣ кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, «бар асоси алгоритм, президент ва аъзои ҳайъати расмии Қирғизистон баъди расидан ба Маскав аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Натиҷаҳои ташхиси мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дониёр Сидиқов ва як корманди хадамоти муҳофизат мусбат баромад. Бар асоси алгоритми баъдӣ, президент тасмим гирифт, ки аз иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 75-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ худдорӣ кунад.”

Рӯзи 12 июн дар бадани низомиҳо аз Қирғизистон, ки мебоист дар паради Маскав иштирок мекарданд, низ коронавирус ошкор карда шуд ва гуруҳи асосии низомиҳои қирғизро бо гуруҳи эҳтиётӣ иваз карданд.

Дар паxши мустақими видеоӣ аз Майдони сурх рӯзи 24 июн дида мешуд, ки чӣ гуна президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус ва Ӯзбекистон ҳамроҳи муҳофизони худ ба тарафи минбар равонаанд. Дар ин видео сармуҳофизи президенти Тоҷикистон генерал Мурод Саидов низ дида мешавад. Раҳбарони бисёре аз кишварҳо ба далели буҳрони коронавирус аз сафар ба Маскав ва иштирок дар тантанаҳо ба муносибати 75-солагии Ғалаба худдорӣ карданд.

Дар пахши мустақим дида мешавад, ки дар парад як гуруҳи низомиҳо аз Тоҷикистон низ иштирок кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *