Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маълумоте нашр кардааст, ки дар он аз паҳншавии хастагии номаълум дар байни кӯдакон дар як қатор кишварҳои ҷаҳон гуфта мешавад. Ин беморӣ ба ҷигари беморони кӯчак зарари ҷиддӣ дорад ва ба ҳолатҳои вазнин оварда мерасонад.
Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳоло дар Британия 74 нафар, дар Испания 3 ва дар Ирландия 4 нафар кӯдакон бо ҷунин ташҳис муайян шудаанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида дар 9 кӯдак чунин нишонаҳо мушоҳида шуда, таҳти ташхис қарор дорад. Ҳамаи онҳо дар Алабама ба қайд гирифта шудаанд. Беморон кӯдакони аз 1 то 6 сола мебошанд. Ин бемории мармуз дар ду нафар кӯдак зарурати эҳтиёҷ бар пайванди (трансплантация) ҷигарро ба вуҷуд овард.
Кормандони соҳаи тандурустӣ ҳоло маълумот ҷамъ мекунанд, ки чунин ҳолат боз дар кадом иёлот мушоҳида мешавад.
СҶБ бори нахуст дар бораи ин ҳастаҳолии ғайриоддӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ гузориш гирифт. Баъдан маълум шуд, ки 10 нафар кӯдак дар Шотландия бо осеби ҷигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Яке аз беморон дар моҳи январ ва 9 нафари дигар дар моҳи март ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Аввал ба аксари онҳо ташхиси бемории гепатит гузоштанд.
Дар писарбачаҳо аломатҳои умумӣ ба монанди рангзардӣ, дарунравӣ ва дарди шикам мушоҳида мешуд. Аз он вақт инҷониб, дар Британияи Кабир ҳадди аққал 64 ҳолати дигар ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ҳоло шаш нафари дигар ба пайванди (трансплантацияи) ҷигар ниёз доранд.
Санҷишҳои пайвастаи лабораторӣ нишон доданд, ки сирояте, ки боиси ин беморӣ мегардад, гепатитҳои А, В, С ва Е нест. Коршиносон бар ин назаранд, ки мумкин аст сабаби ин ҳолат афзоиши паҳншавии аденовирусҳо бошад.
Зеро собит шудааст, ки баъзе штаммҳои вирус на танҳо боиси мушкилиҳо, аз қабили табларза, дарди гулӯ ва сулфа, балки илтиҳоби меъда ва рӯдаҳо низ мешаванд.
Дар изҳороти ТУТ гуфта мешавад, ки барои муайян кардани иртиботи ин беморӣ ба вирусҳои мушаххас санҷиши зиёди лабораторӣ лозим аст. Бо вуҷуди ин, созмон то ҳол ягон хатари эпидемиологии ин бемории номаълумро эълон накардааст.