14 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни наврасон ва ҷавонон соҳиби медали тилло гардид






ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз варзишгари тоҷик Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни ҷавонон ва наврасон, ки дар шаҳри Паттайяи Шоҳигарии Тайланд идома дорад, сазовори медали тилло шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳаммадӣ Раҷабов дастпарвари Мактаби махсуси варзишии шаҳри Душанбе оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об буда, байни варзишгарони наврас дар масофаи 1000 метр ҷойи якумро ишғол намуд.

Бояд гуфт, ки Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни ҷавонон ва наврасон дар шаҳри Паттайяи давлати Шоҳигарии Тайланд аз 12 июн оғоз гардида, то 16 июни соли 2025 идома меёбад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дастоварди Муҳаммадӣ Раҷабов аз ин мусобиқа маротибаи аввал нест, чун варзишгар соли 2024 маҳз дар ҳамин мусобиқа дар масофаи 1000 метр каноэ С-1 медали тилло ва дар масофаи 200 метр каноэ С-1 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *