14 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст






ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат гирифта, масъулин ва сокинон кӯшиш доранд, ки 28 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намоянд.

Ваҳдати миллӣ дастоварди ниҳоят арзишманди таърихӣ барои мардуми Тоҷикистон аст, ки пешравию комёбиҳои беназири ҷумҳурии мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз аз самараи он мебошад. Аз ҷумла, сол то сол рушд ёфтани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон далели ин гуфтаҳост.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябри соли 2024 зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз доштанд: «дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 24 миллиард сомонӣ равона шудааст. Ҳамчунин дар ин давра барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳри бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии то соли 1991 додашуда беш аз 3 баробар зиёд мебошад».

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар соли 2024 ба 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 58 баробар зиёд аст.

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ин мулоқот бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Дар ин зимн, таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҷдиду навсозии инфрасохтор ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд.

Таъкид шуд, ки лоиҳаҳои мазкур дар самти маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ (соли 2021) дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1021 иншоот ба маблағи як миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст.Аз ҷумла, танҳо дар шаҳри Хоруғ сохтмони 326 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 295 адади он ба истифода дода шудааст. Дар 24 иншооти дигари шаҳр корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

Нишондиҳандаҳои мазкур гувоҳи равшани торафт баланд гардидани дороиҳо ва сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят мебошанд.

«Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо сафарбар намуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тадбирҳои зарурӣ меандешад», — хотиррасон намуданд Пешвои миллат.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *