14 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Дар Душанбе вобаста ба нақши такмили ихтисоси омӯзгорон Форуми байналмилалӣ баргузор гардид






ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муосир: тамоюл, таҷриба ва имкониятҳо» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо ташаббуси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд доир шуда, ҳадафи он баланд бардоштани нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар рушди маорифи муосир, мубодилаи таҷрибаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, таҳкими малакаи касбӣ, ҷустуҷӯи имкониятҳои нав ва баррасии равандҳои омодасозии омӯзгорон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва таҳсилоти рақамӣ мебошад.

Дар форум Вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи пайваста ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ёдовар шуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро ҳамчун воситаи муҳимми таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷрибаи муфид ва такмилу рушди низоми миллии маориф арзёбӣ кард.

Дар форум ҳамчунин Котиби генералии Шурои глобалии маориф, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбута ибрози назар намуданд.

Форум дар бахшҳо ва гурӯҳҳои мавзӯӣ идома ёфта, дар онҳо масъалаҳои муҳимми марбут ба рушди касбии омӯзгорон муҳокима шуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён ба моделҳои омӯзиши муттасили касбӣ ва сохторҳои нави такмили ихтисос, татбиқи низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим, омилҳои рақамисозии таҳсилот, татбиқи чаҳорчӯбаи миллии таҳсилот, ҳамгироии омӯзиш бо тағйирёбии иқлим, рушди барвақтии кӯдакон ва таҷрибаи рушди устувори касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар кори форум намояндагони муассисаҳои бонуфузи таълимии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой, Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвегия, Донишгоҳи Кембриҷ, «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев» ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи мамлакат иштирок намуданд. Ҳамзамон, мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ дар кори гурӯҳҳо маърӯзаҳои илмӣ ва таҷрибавӣ намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии форум, натиҷаҳои муҳокимаронии гурӯҳҳо ва пешниҳоди амалии иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои муфид барои такмили минбаъдаи низоми омӯзиш ва рушди касбии омӯзгорон таҳия мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *