14 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 307 нафар донишҷӯёнӣ хориҷӣ хатм намуданд






ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 2154 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз он 307 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз давлатҳои Афғонистон, Бангладеш, Бурунди, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон, Ҳиндустон ва Яман мебошанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иттилоъ доданд, ба муносибати хатми донишҷӯён ҳамоиш доир гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин иброз намуд, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама гузоштани заминаи устувор барои тарбияи созандагони ҷомеаи пешрафта, яъне наврасону ҷавонони имрӯза мебошад.

«Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос ғайриимкон мебошад»,-афзуд Муҳиддин Нуриддин.

Хатмкардагони донишгоҳ заминаи устувори кадрии бисёр муассисаҳои пешқадами тиббии на танҳо Тоҷикистон, балки инчунин як қатор муассисаҳои тандурустии давлатҳои хориҷӣ низ мебошанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба 11 нафар хатмкунандагони ватанӣ Дипломи аъло ва ба донишҷӯёни хориҷӣ дипломҳои хатм, бо ихтисоси корӣ табобатӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *