Раҳбари оппозисиюни Русия Алексей Навалний, ки аҳволаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, бори аввал пас аз заҳролудшавӣ аксеро дар Instagram нашр кард, ки дар он беҳбудӣ дар солимиаш аён аст.
New York Times менависад, ки ӯ ният дорад ба Русия баргардад. Кремл мегӯяд, ки онҳо саломатии сиёсатмадорро назорат намекунанд. Оппозитсионери рус Алексей Навалний, ки рӯзи 20-уми август дар натиҷаи заҳролудшавӣ ба ҳолати кома афтода буд, пас аз марҳилаи сеҳафтаинаи табобат дар клиникаи Charite-и Берлини Олмон шифо ёфтааст.
Рӯзи душанбе ҳукумати Олмон гуфт, ки вуҷуди заҳри гурӯҳи «Новичок» дар бадани Навалний бо таҳқиқоти лабораторияҳои мустақил дар Фаронса ва Шветсия тасдиқ шудааст. Мақомоти Олмон дубора аз Русия даъват карданд, то бо оппозисиюн чӣ ҳодиса рӯй доданашро шарҳ диҳанд.
Ба гуфтаи хабарнигорони бахши русии Би-би-сӣ аз Берлин, бемористони “Шарите”, ки ҳоло Алексей Навалний дар он хобидааст, таҳди назорати посбонон боқӣ мондааст. Дар ин ҷо як автобуси полис доимо навбатдорӣ мекунад. Дар даромадгоҳи бино кормандони полис бо либоси низомӣ ва комилан мусаллаҳанд.
Ҷониби Русия доимӣ иддао дорад, ки Навалний аз Русия бидуни заҳролудшавӣ парвоз кардааст.
Ҳамаи захираҳои заҳри “Новичок” дар Русия нобуд карда шуданд, гуфт роҳбари Хадамоти кашфи хориҷӣ Сергей Нарышкин. Вай инчунин гуфт, ки ҳангоми баромадан аз кишвар, дар бадани Навалний гӯё моддаҳои заҳролуд набуданд, хабар медиҳад расонаи хабарии ТАСС.
«Далел ин аст, ки дар замони парвоз кардани Алексей Навалний аз Федератсияи Русия, дар бадани ӯ ягон моддаи заҳролуд набуд. Дар ин робита, мо, албатта, ба ҷониби Олмон саволҳои зиёде дорем» гуфт Наришкин.
Дар ин миён маълум шуд, ки гузинаи олмонии заҳролудшавии Навалний тавссути “Новичок” аз ҷониби коршиносони Фаронса ва Шветсия дастгирӣ карда шуд ва президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ҳатто шахсан президенти Русия Владимир Путинро дар бораи эътимоди худ ба заҳролудкунӣ тариқи ин заҳри ҷангӣ хабар дод.