Дар ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ масъалаҳои муҳими стратегӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 12 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои иҷроия — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ифтитоҳ ва ҷамъбаст намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, зимни ҷаласаи Шурои иҷроия масъалаҳои муҳими стратегӣ, барномавӣ ва назоратӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ҳисоботи солонаи мудири иҷроия барои соли 2024, лоиҳаи Нақшаи стратегӣ барои солҳои 2026–2029, гузоришҳо оид ба амалиёти башардӯстона, Нақшаи амал оид ба гендер ҳисоботи воҳидҳои мустақили назоратӣ ва идоракунии хавфҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин мавзӯи тамдиди муҳлати барномаҳои кишварӣ, натиҷаҳои маблағҷалбкунии хусусӣ ва пешрафт дар ислоҳоти низоми рушди СММ низ баррасӣ гардиданд.
Раиси Шурои иҷроия Ҷонибек Ҳикмат аз иштироки фаъолонаи кишварҳои узв изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Шурои иҷроия минбари ҳамбастагии ҷаҳонӣ барои пешбурди ҳуқуқи кӯдакон боқӣ мемонад.
Ҷонибек Ҳикмат зарурати иқдомҳои дастаҷамъонаро дар шароити печидаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, ба роҳбарият ва кормандони ЮНИСЕФ барои садоқат ва фаъолияти пурсамарашон изҳори миннатдорӣ намуд.
АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ