Рубрики Хабарҳо

Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро истирдод кард

Абдуллоҳи Шамсиддини 32 сола, писари фаъоли сиёсӣ ва узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шамсиддин Саидов аз тарафи пулиси Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд.  

Бо иэҳтимоли зиёд ҳоло ӯ дар парвоз ба самти Истамбул аст ва соати 18-и бегоҳ аз онҷо ба Душанбе фиристода хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон ба ӯ хатари шиканҷа ва зиндон таҳдид мекунад.

Шамсиддин Саидов, падари Абдуллоҳ ба “Паём” гуфт, ки соате пеш писараш занг зада ва хабар додааст, ки пулси ӯро ба фурӯдгоҳ мебрад ва аз онҷо ба Истамбулу сипас ба Душанбе парвоз хоҳад кард. Зоҳиран пулис аз хати парвоз ӯро огоҳ кардааст.

Ба гуфтаи Саидов, баъди ин тамос писараш дигар дастнорас аст ва ҳанӯз дақиқ нест ба ҳавопаймо шинонда шуд ё на. Миёнаи моҳи гузашта ҳам пулиси Олмон ӯро барои истирдод ба фурӯдгоҳ, аммо сарҳадбонон иҷозаи убури сарҳадро надоданд. 

“Гумон мекунам ин дафъа пулис тадоракоташро анҷом додааст, то дигар сарҳадбонон монеъаи истирдоди Абдуллоҳ нашаванд”, — гуфт Шамсиддин Саидов ба Паём.

Чанд рӯз пас аз боздошти Абдуллоҳ гурӯҳе аз шаҳрвандони Олмон, ки гуфта мешавад ҳамкорону дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин ҳастанд, бо талаби манъи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон тазоҳур карданд. 

Онҳо бо баланд кардани и дастнавис аз мақомоти Олмон талаб карданд аз истирдоди Абдуллоҳ ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Байни эътирозгарон корфармои Абдуллоҳ ҳам ҳузур дошт, ки дар шиори бардоштааш навишта шуда буд «беҳтарин коригари моро ба қассобхона (яъне баТоҷикистон) нафиристед!»

Абдуллоҳ соҳиби се фарзанд аст ва ҳамроҳ бо хонаводааш ар Олмон кору зиндагӣ мекард. Сабаби истирдоди ӯ камбуд дар ҳуҷҷатҳои иқоматиаш гуфта мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *