Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳи шаҳри Ҳисор ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст.
Одинаев, тибқи гуфтаи Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи шанбеи 5-уми декабр аз сӯи маъмурони пулис дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро ба авбошӣ муттаҳам карданд, ҳарчанд бисёриҳо муътақиданд боздошти ӯ ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт дорад.
Маҳмурод Одинаевро бо талаби додситонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш хабар медиҳад, ки муовини раиси ҲСДТ давоми ду моҳ дар ҷараёни тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ мемонад ва эҳтимолан мӯҳлати боздошти ӯ боз дароз карда шавад.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 7 декабр гуфтааст, Одинаев то ҳанӯз вакили дифоъ надорад. Ҷузъиёти мурофиа ва риоя шудани ҳуқуқи ӯ ба ҷомеа маълум нест.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр ба думболи боздошти Маҳмурод Одинаев гуфт, нисбати ӯ бо қисми дуюми моддаи 237, яъне авбошӣ парванда боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба Одинаев то 116 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.