Мақомоти Тоҷикистон дар чанд рӯзи охир иттиҳомоташ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро афзоиш додааст.
Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон дар матлабе, ки бо номи «Тағйиротҳои геосиёсӣ дар вазъияти Ховари Миёна ва таъсири он ба Тоҷикистон» рӯзи 24-уми май дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд, иддао кард, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бахшҳои худро дар кишварҳои пасошӯравӣ фаъол мекунад.
Ин марказ иддао кард, ҲНИТ дар Русия, Узбекистон ва Қирғизистон фаъол шудааст ва мехоҳад вазъ дар Осиёи Марказиро ноором кунад.
Ҳамон рӯз Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба нашрияи «Коммерсант»-и чопи Маскав гуфт, Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ ва Ансоруллоҳ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон пойгоҳ месозанд, то вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд.
Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ дар мусоҳиба бо сомонаи “Ахбор” ин иттиҳомотро бо шиддат рад кард ва гуфт «Ин суханони Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, иттиҳомот ва иддаоҳои беасосе беш нест. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон борҳо таъкид кард ва мекунад, ки танҳо бо роҳҳои машруъи ғайринизомӣ мубориза мебарад. Ҳукумати Тоҷикистонро беҳтар аст, аз ин дурӯғҳову баробар кардани ҲНИТ бо ДОИШ-у Толибон ба дарди мардуми зарардида аз селҳо ва дигар мушкилоти мардуми кишвар бирасад.”
Дар паи ин даъвоҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам навореро пахш кард, ки дар он Саймурод Худоиев ва Ҳошим Азизов – ду сокини ноҳияи Панҷ бо иттиҳоми даст доштан дар се куштори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла қатли муовини вақти раиси ноҳияи Панҷ Алёқул Бегматов дастгир шудаанд. ВКД Саймурод Худоиевро узви ҲНИТ муаррифӣ кард. Ин дар ҳолест, ки бо ҷурми қатли Бегматов ҳанӯз дар соли 2000-ум ду муҳофизи фармондеҳи собиқи мухолифин аз ноҳияи Панҷ Ҳаким Қаландаров боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.
Як рӯз қабл аз ин даъвоҳо як гурӯҳи 50-60 нафарӣ дар назди сафорати Эрон дар Душанбе “тазоҳурот” намуда, аз Эрон талаб карданд Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон таслим кунад. Ин тазоҳурот он қадар ғайрикасбӣ ташкил шуда буд, ки дар дақоиқи аввали пахши навори он, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тақаллубӣ будани онро бо далелҳо собит карданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ба иттиҳомоти худ алайҳи ҲНИТ шиддат бахшидаанд, ки аъзои ин ҳизб дар чанд рӯзи охир фаъолияти расонаияшонро шиддат бахшидаанд. Ҳар рӯз як ё ду нафар аз узви Раёсати олии ҲНИТ дар пахши мустақим сӯҳбат мекунанд. Мавзӯъи сӯҳбат бештар сари ҷиноятҳои ҳукумати Тоҷикистон аст.
Сӯҳбати мустақими аъзои ҲНИТ дар гурӯҳи фейсбукии “Паёми мардум”пахш мешавад. То имрӯз шаш узви Раёсати олии ин ҳизб — Ҷаннатуллоҳи Комил, Исломҷони Саид, Илҳом Ёқубов, Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадӣ Тешаев ва Шамсиддини Саид суханронӣ кардаанд. Ҳамаи ин баромадкунандгон эълон карданд ба силсилабарномаҳояшон идома хоҳанд дод. Дар ин гурӯҳ эълон шудааст имрӯз, 26 май Холиди Муҳаммадсаид дар мавзӯъи “Хиёнатҳои режим” баромад мекунад.
Ҷаннатуллоҳи Комил инчунин як барномаи рамазониро дар саҳифаи фейсбукии худаш роҳандозӣ кардааст, ки ҳар бегоҳ мустақим пахш мешавад.
Ҳанӯз аъзои аршади ин ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмон, Азимҷон Ваҳҳобов ва Бобоҷон Қайюмов, ки таҷрибаи журналистӣ ҳам доранд, баромад накардаанд. Имкон дорад рӯзҳои наздик ин се нафар ҳам рӯи экранҳо пайдо шаванд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ дар табрикоти рамазониаш изҳор кард минбаъд моҳе як ё ду маротиба сӯҳбати мустақими видеоӣ бо мардум хоҳад дошт.