Рубрики Pressa

Фиреби мардум бо ваъдаи раводиди Британияи Кабир


Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ноҳияи Кушониён Давлатбек Умаровро барои қаллобӣ дастгир карданд. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб аз сокинон барои омода кардани раводид ба Британияи Кабир маблағ гирифтааст.

Давлатбек Умаров, сокини 29 – солаи ноҳияи Кӯшониён дар асоси муроҷиату аризаҳои шаҳрвандон ҳамчун гумонбари ҷинояти қаллобӣ муайян ва дастгир шудааст.

Дар рафти пурсиш муайян карда шуд, ки  Давлатбек Умаров ба боварии шаҳрвандон Холмаҳмад Назаров, сокини ноҳияи Хуросон даромада, бо ваъдаи ба ба Британияи Кабир равон кардани писараш Назаров Азизулло 15 000 (понздаҳ ҳазор)  сомонӣ гирифтааст. Ӯ дар чанд ҳолати дигар ҳам ин ҷиноятро такрор кардааст.

Феълан Давлатбек Умаров дар 8 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 252 000 (дусаду панҷоҳу ду  ҳазор) сомониро бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати худ сарф кардааст.

Дар рафти чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда Давлатбек Умаров  бо истифодаи телефони мобилии худ дар шабакаи иҷтимоии «Ватсап» ва «Телеграмм», аксу наворҳои хусусияти ғайриахлоқидошта мегузоштааст, ки хилофи фарҳанг, маданият ва одобу ахлоқи инсонист аст.

Феълан нисбати Давлатбек  Умаров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи  241қисми 3 ва 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дастгиршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *