Categories Хабарҳо

Governmentality, ё ҳукуматдорӣ ?

Ин ки ин қавм ё гурӯҳи дар ‘қудрат’ буда вуҷуди “дигаронро” сабру таҳаммул надоранд, мухолифини сиёсиро тоқат надоранд ва ба хотири манфиатҳои худ ба ҳама гуна ҷиноят метавонанд даст задан аз вижагиҳои бунёдии чунин ҳукумaтанд. Ин падидаест, ки аз шакл гирифтани як мавҷуд ё махлуқи пасти мустақили сиёсӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад, ки он дигар бо фазои сиёсии ин мардум, бо арзишҳо, умеду ормони торихии Тоҷикон коре надорад ва аз ин падида метавон ҳамчун як ҳаюло (monster) ном бурдан.

Ин ҳаюло дигар фазои солими сиёсӣ, мухолифи сиёсӣ ва дигаргуни дар ҳаёти ҷомеаро намехоҳад ва ҳатто хостан наметавонад, зеро ин хилофи табиати ӯст. Бо ҳарки бо ӯст механдад ва шиорбардору лаганбардорро то ҷое хуб навозиш мекунад, вале оқибати ин ҳама харобӣ ва нестист. Ин одатест, ки дар ин солҳо табиат гашта ва падидаест аҷибу ғариб, ки имруз дар Тоҷикистон кам мардум метавонанд табиати ин ҳаюлоро шинохтан ва тафсир кардан.

Хушбахтона дар фалсафа ва сиёсатшиносии имрӯзаи дунё ба хусус Ғарб, ин падида аз рузгори Суқрот то Ҳоббс ва то Фуко ва Дерридо хуб шинохташуда ва иделогҳои мақомот наметавонанд табиати пасти ин ҳукуматро пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ чаканпуш кардан. Ин воқеият, тарзи тафаккур ва муносибатҳое шакл гирифта ва истиқлол пайдо кардаро наметавон дигар музофотӣ ва маҳалӣ гуфтан ва бозингарони аслии ин воқеият ҳам наметавонанд бо он коре кардан. Ҳарисӣ, дурӯғ, фиреб, тамаъ, тангчашмӣ ва гадоӣ аз хусусиёти асосии ин ҳукуматанд, ки дар зершуур ё нафси табиятнодидаи сиёсат(бе)мадорони ин ҳукумат реша доранд. Ба хотири манфиатҳои шахси ва оилавии худ ҳама гуна манфиат, ҳақиқат ва арзишҳои миллатро метавонанд фурӯхтан.

Ҳоло дар раванде ҳастем, ки ин падидаро, яъне муносибати ғайри қонунӣ, ғайриинсонӣ ва беадолатонаи мақомотро, ки солҳо боз шакл гирифта ва аз худ бо ҳамин вижагиҳояш дарак медиҳад решаҳояшро бояд шинохт, муқовимат кард ва барканд. Барои дарки ин падида аввал шароит ва вазъияти фарҳанги ва торихиеро, ки ин падидаро ба вуҷуд овардаанд бояст шинохт.

Пеш аз ҳама ин мушкилии шахсӣ ё субективист. Яъне ин мушкилии ҳамин қавм аст, ки имрӯз дар сари ‘қудрат’ — анд ё амиқтараш дар ҳукумати Тоҷикистонанд. Ин ҷо дар бораи қудрат (power) наметавон ҳарф задан, зеро дар Тоҷикистон ҳанӯз қудрат вуҷуд надорад ва бисёриҳо қудратро аз қувва (force) фарқ намекунанд. Бояд гуфт, ки дарки маънии қудрат ҳам дар ин қарина барои шинохти масъала зарурист. Ин мушкилиест, ки аз рузгори Суқроту Афлотун то Тусиву Ғазолӣ, Декарту Конт ва то Фуко ва Ҳобермосу Дерридо калидӣ будааст.

Ин нуқтаи калидии муаян кардани як роҳбар ва сиёсат дар ҳама давру замонҳо буда. Ҳар ки роҳи худшиносиро нарафтааст наметавонад бо дигарон муносибати баробар ва солим доштан. Бахусус дар сиёсат. Ин аст, ки ин гуруҳ, ки имруз дар ‘сиёсати’ Тоҷикистон тасмимгиранд аз роҳҳои худсозии суннатӣ хабар надоранд ва аслан хабар надоранд, ки дар ҷомеа дар баробари технулужии ҳукумат кардан ва технулужии истеҳсол яке аз технулужиҳои созанда ҳамин тухнулужии сохтмони субъект аст, ки Фуко аз он ҳамчун ‘технулужии худӣ’ ёд кардааст.

Зимнан ҳамин нуктаро бояд қайд кард, ки ҳамин мардуми калидии дар ‘қудрат” буда ва тасмимгир дар муносибати мақомот бо дигарон шахсоне ҳастанд, ки муҳити сиёси — идеологии шуравии собиқ ва он ҳам дар ҳошия шахси (субъективияти) онҳоро шакл дода. Ин қавм он замон ҳам ба доираҳои тасмимгири вақт наздики надоштанд ва дар муҳити фарҳангии солиме ҳам тарбият наёфта буданд. Имрӯз ҳам, новобаста ба он ки ниҳодҳои илми — таҳқиқотии ҷумҳурӣ барои онҳо китоб менависанд, ному унвон мебофанд ва шахсият месозанд ва дар дохил ҳам тасмими солим ва созанда гирифтан наметавонанд ва дар берун ҳам бозичаи дасти дигарон мондаанд.

Ин гуруҳ чи будани дониш, дониши илмӣ ва қудрати донишу таҷрубаро дар сохтмони инсон ҳамчун субъект (худӣ, шахс, фард), дар сохтмони ҷомеа ва ҷаҳони мардум ҳануз дарк накардаанд. Чи будани хушбахтии инсонро ҳам дуруст дарк накардаанд, ки аз қадим боз хушбахтӣ (‘eudaimonia’ дар Арасту ё ‘саодат’ дар Форобӣ ва Ғаззолӣ) бо маъниҳое мислӣ худсозӣ, адолат, роҳбарӣ ва сиёсат дар якҷогӣ матраҳ мешуд. Ин масъалаест, ки дар Афлотун, Арасту ва инчунин мутафаккирони исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта. Афлотун дар ‘Ҷумҳурӣ’ — аш қиссаеро меорад, ки чупоне дар шоҳигарии Лидиё бо истифода аз ангуштарии сеҳрнок, ки чун онро бар ангушт мекард нопадид мешуд, шоҳро мекушад ва ба шоҳигарӣ мерасад. Чупони ба шоҳигарӣ расида танҳо дар пайи қаноат кардани хоҳишҳои ҳайвонии худ буд Ин ҷо Афлотун ҳамин маъниро пайгири мекунад, ки ҳар ки дар фазилатҳои инсонӣ тарбият наёфтааст наметавонад роҳбари одил будан ва маънии хушбахтии воқеиро дарк кардан.

Албатта мардуме, ки худ роҳи худсозиро нарафтаанд наметавонанд ба сиёсати мустақил сару кор гирифтан, дигаронро ҳамчун мухолифи сиёсӣ пазируфтан, зеро зарфият ва ихтиёри ин корро надоранд. Ҳатман бозичаи дигарон мешаванд ва шоҳидем, ки аз рузе, ки ин қавмро дигарон ба ‘қудрат’ расониданд мантиқӣ кори инҳо ҳамин фитна андохтан ва турктозӣ кардан буд на чизи дигар. Дар ин муддат табақаи наве ҳам шакл гирифт, ки дар уллуми иҷтимоӣ аз он бо номи буржуозии хурд (petty bourgeoisie) ва ё шарманда ҳам ёд мекунанд.

Бештари намояндагони ин табақа сармояи худро аз ғорат кардани моликияти давлатӣ ва мардумӣ андӯхтаанд ва аз сармояи фарҳангӣ дур мондаанд. ва инки мардуми роҳнорафта ҳастанд дар ҳудудаҳои танги ахлоқӣ, епистеиулужӣ ва фаҳмиши худ бо ончи мекунанд қаноат ҳосил мекарданд ва мекунанд. Бубинед, чи гуна ин қавми дар ҳукумат буда лоф аз ватандорӣ, аз фарҳангсолорӣ ва аз арзишҳо ва ормонҳои буланди ин мардум мезананад вале дар воқеият ин мардуми фарҳангсолор дар бадтарин вазъ зист доранд ва доранд таҷрубаи сангинеро пушти сар мекунанд … Чи гуна як роҳбар метавонад дар бораи хушбахтии худ ҳарф задан, рақсидан ва суруд хондан вақте, ки мардум дар чунин ҳолати бад қарор доранд… Бале ин амалҳо дар ҳукумронии бо истилоҳи антрополог Тауссиг, ҳукумронии системаи асабонӣ , маънии дигар доранд. Яъне ин ҷанобҳои олӣ аз дарки ин ҳолат дуранд ва дар банди ғаризаҳои нафсонии худанд. …

Дигар ин ки шаклгирии ин сатҳ ё фазои фарҳанги ғариб бо пайвастани гуруҳе бо сарҳадҳои маҳдуди ахлоқӣ ва епистемулуҷӣ ба ‘қудрат’ оғоз шуд. яъне он чи мутаффакири шинохта Фуко мегӯяд, ҳар гуна дониш шакли қадрат ва ҳукумронии ба худ хосро шакл медиҳад мо ҳам чунин тарзи ҳукумрони ва шакли қудрат дорем… сатҳи фаҳмиши ‘қудрат’, ‘давлатдорӣ’ ва майлу хоҳишу ҳаракат ба сӯи он боиси шаклгирии ин ҳолати ваҳшатнок шуда. Яъне дониш ва ‘қудрат’ дар шаклгирии ин гуна фарҳанг нақши калиди дошт ва доранд. Табиист, ки чун дониш ва таҷруба надоранд ‘қудрат’ — ро ҳам ба таври маҳдуд шинохта ва тафсир карданд ва чи будани қудратро ҳануз ҳам нашинохтанд , зеро будани қудрат будани дониш ва таҷрубаи созандаро талаб мекунад.

Ҳамин аст, ки чун дар мамлакат қудрат нест ин гуруҳи зоҳиран соҳибқудрат наметавонанд мухолифини сиёсиро таҳаммул кардан. Дар зимн бояд гуфт, ки яке аз равандҳои муҳим, ки алъон дар мағзи Тоҷикон ва дар байни тоҷикон вуҷуд дорад ин раванди шинохт ва шаклгирии қудрати воқеан миллист, ки рӯзе аз худ дарак хоҳад дод.

Меҳмоншо Шарипов

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *