Бонки АвруОсиёии Рушд ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарз додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти бонк рӯзи 2-юми ноябр хабар дод.
Тибқи иттилоъи манбаъ, ин маблағ барои дастгирии буҷаи Тоҷикистон ва барои бартараф кардани пайомадҳои пандемия равона мегардад.
Дар шарҳи хабар гуфта шудааст, қарз ба муддати то 20 сол бо баҳра ё фоизи солонаи 1 дарсад дода шудааст. Дар соли аввал баҳраи қарз ҳамагӣ 0,25%-и солонаро ташкил медиҳад.
Қарзи 50-миллион долларӣ дар ҳолест, ки Бонки АвруОсиёии Рушд кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистонро бар асари коронавирус пешгӯйӣ мекунад.
Тоҷикистон дар қатори Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия узви Бонки АвруОсиё Рушд аст.