Тоҷикистон бори дигар барои сохтмони Роғун қарзи ниммиллиарддолларӣ пайдо кард. Ин дафъа Чин вориди сармоягузорӣ ба бузургтарин сохтмони Тоҷикистон шуд ва Бонки осиёии сармоягузориҳои ин кишвар тасмим гирифтаас 500 миллион доллар барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудо кунад. Ба гуфтаи Ҷин Лисун, президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои Чин ин қарз имтиёзнок аст. Дар ҳамин ҳол ҷузъиёти ин имтиёз ва ва шартҳое, ки Тоҷикистон бояд барои дарёфти ин қарз иҷро кунад маълум нест.
Қаблан Тоҷикистон чунин “қарзи имтиёзнок” аз Аврупо дарёфт карда буд, ки айни ҳамин маблағро ташкил медод. Тобистони гузашта, мақомоти аврупоӣ гуфта буданд барои берун овардани кишварҳои ОМ аз вобастагӣ ба манобеъи энержии Русия ба ин кишварҳо кӯмак хоҳанд кард. Яке аз кӯмакҳои пешбинишуда сармоягузорӣ ба НБО “Роғун” буд. Иттиҳоди Аврупо эълон крад сармоягузори аслӣ дар сохти “Роғун” хоҳад шуд. Кумисюни Аврупо аз Бонки сармоягузории Аврупо (EIB), хоста буд барои бунёди нерӯгоҳ, ки тавассути ширкати итолиёии Webuild анҷом мешавад, “бузургтарин сармоягузор” шавад.
Моҳи сентябри гузашта дар нишасти Самарқанд Си Ҷинпин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони НБО “Роғун” таваҷҷӯҳ кард. Коршиноси тоҷик Абдуманнон Шералиев ин таваҷҷӯҳро шурӯъи рақобати Чину Аврупо бар сари бузургтарин манбаъи энержӣ ва об дар ОМ номида, , ки Чин дар ин рақобат пирӯз хоҳад шуд.
Ҳоло ӯ ва дигар коршиносон тахмин мезананд, Чин дар нишасти Син Ҷинпин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷалби онҳо бо ҳамкориҳои хеле густардатар аз қабл ташвиқ хоҳад кард ва зоҳиран таваҷҷӯҳи ЧИн ба НБО “Роғун” яке аз ин ташвиқот аст. Ваъдаи ҷудосозии ним миллиард доллар ҳам дирӯз 17 май дар ҳоле садо додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Чин қарор дорад.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар сафари давлатиаш ба Чин аз дирӯз шурӯъ шуда ва ӯ бо сарвазир ва муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар мулоқот кард. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, дар мулоқот бо сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян аз “сатҳи сифатан нави” шарикии стратегии ду кишвар ситоиш шудааст. Дар хабар омадааст, ки додугирифтҳои тиҷоратии миёни Чину Тоҷикистон соли 2022 то 40 дарсад афзудааст. «Ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ” дар ин сӯҳбат чун зарурати ин ҳамкориҳо дар оянда таъкид шудааст.
Рейтерс, қаблан масъалаи сармоягузории Аврупо ба НБО “Роғун”-ро пӯшиш дода буд, пешбинӣ кард раисҷумҳури Чин тавсеъаи роҳҳои иртиботи иқтисодӣ ва амниятӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро баррасӣ мекунад, чун ин минтақаҳоро дар замони тамаркузи Русия ба ҷанги Украина ҳамчун манбаъи захираҳои алтернативии сармоягузорӣ арзёбӣ мекунад.
Абдуманнон Шералиев мегӯяд «Осиёи Марказӣ аз як тараф бинобар масофаи байни манотиқ, барои Аврупо аҳамияти дувумдараҷа дорад, барои Чини ҳамсоя аввалиндараҷа. Аз тарафи дигар Аврупо ҳам зимнан вориди ҷанги Русияву Укроин аст ҳоло ба масоиле чун !кӯтоҳ кардани дасти Русия аз ОМ» фурсат ва сармояи камтаре дорад, дар ҳоле, ки Чин ҷанги Укроинро фурсати бисёр хуб барои тақвияти манофеъаш дар ОМ медонад. Масъалаи дигар ин аст, ки бинобар қавонини пешгирикунандае мисли қонуни зидди фасод, Аврупо нисбат ба Чин имкони камтари сармоягузорӣ ба тарҳҳои ношаффофе мисли НБО «Роғун» дорад.»
Ӯ ба ин назар аст, ки дар ҷанг бо Укроин Русия дар Осиёи Марказӣ ҳам шикаст хоҳад хӯрд: «аз шикастҳои бисёр эҳсосшавандаи Русия дар ҷанги Укроин ин хоҳад буд, ки мавқеъаш дар ОМ-ро барои Чин холӣ кунад. Ба зудӣ мо шоҳиди он хоҳем буд, ки ҳарфи асосӣ дар минтақаро Чин хоҳад зад ва каме дертар дархости берун рафтани пойгоҳҳои Русия аз ОМ низ шояд садо диҳанд».
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Адина Масалбекова, як муҳаққиқи Академияи САҲА дар Бишкек гуфтааст, дар ҳоле, ки 19-21-уми май дар Ҷопон «Гурӯҳи Ҳафтгона» ҷамъ мешавад, “Пекин мехоҳад гузинаи наверо дар назми ҷаҳонӣ пешбарӣ кунад ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ҳам водор бикунад, бигӯянд, ки барои онҳо ҳам ин назми ҷаҳонии нав қобили қабул аст.”
Нива Яу, як муҳаққиқи масоили Чини назди Шӯрои Атлантика гуфтааст, яке аз хабарҳо калон ин мешавад, ки роҳи маҳсулоти сохтаи Осиёи Марказӣ ба бозори Чин боз мешавад.
Чин се даҳсола пеш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард ва аз он замон то соли 2022 сармоягузории он ба ин панҷ кишвар ба нишондоди рекордии 70 миллиард доллар баробар шуд. Чин қарздиҳандаи азимтарии ду кишвари нодортарини минтақа – Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар меҳвари ҳамоиши Чин ва Осиёи Марказӣ аҳамияти афзояндаи тарҳи азими “Як камарбанд – як роҳ” қарор мегирад, ки даҳ сол пеш муаррифӣ шуд. Дар доираи ҳамин тарҳ ҳоло Чин бо Қирғизистону Узбекистон сохтани роҳи оҳан ва ҳам бо Туркманистон бунёди лӯлаи газро баррасӣ дорад. Феълан иттилое дар бораи эҳтимоли имзо кардани созишномаҳои наве бо Тоҷикистон дар даст нест.