Categories Хабарҳо

Маконҳои пурасрори табиат

Сайёраи Замин он қадар ҷойҳои пурасрору ҳайратбарангезе дорад, ки гоҳо ақли инсонӣ ҳам дар сарфааҳм рафтанаш оҷиз  мемонад, далоили илмӣ ҳам пеш оваарда намешавад. Он гоҳ танҳо қоили қудрати Офаридгор монда, дар бораи пайдоишу асрори мавзеъҳои мазкур сукутро ихтиёр мекунем мемонем. 

Дар  ҷойҳое  одамон ворид шаванд,  нопадид мешаванд, ҷое дигар шабаҳҳо пайдо мешаванд, ҳайвонот  рафторҳои аҷиб  мекунанд. Олимон назарияҳои мухталифро баён кунанд ҳам,  аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо сад дар сад ҳақиқӣ будани худро тасдиқ намекунад. 

Дар зинаи аввали раддабандиамон Водии Сарбуридаҳои  Канадаро интихоб кардем.

Ин макон аз сабаби ҳодисаҳои фоҷиабор номи  даҳшатноке  гирифтааст.  ончуноне, ки гуфтем: “Водии сарбуридаҳо”  Дар охири асри 19 дар ин ҷо вуҷуди тилло кашф карда шуд ва албатта сайёдони тиллодӯстдор ҳам  ба водӣ расиданд. Соли 1898 як гурӯҳи иборат аз 6 нафар тиллоҷӯён бе ному нишон ғайб заданд. Пас аз 7 сол, дар ҳамон водӣ, ду бародари Маклеод ва дӯсти онҳо Роберт Веер нопадид шуданд. Пас аз 3 сол 9 ҷасади сар буридашуда тасодуфан пайдо  шуд.

Дар водӣ ғайб задани мармузи одамон то имрӯз идома дорад. Худи мардуми маҳаллӣ мутмаинанд, ки ҳамаи маргҳо кори соскуатҳост. Дар инҷо махлуқоти шабеҳ ба одамони азими мӯйдор дида мешуданд ва осори онҳо ҳатто бештар пайдо мешуд. Масалан изи пой, даст, қади баладу ҷасади бузург, қадамҳои хеле калон-калон   ва ғайра.

Воқеан, ба эҳтимоли зиёд, ин кори дасти авбошоне мебошад, ки дар водӣ амал мекунанд ва  дар ҷустуҷӯи тиллочӯён  ва тӯъмаи онҳо мебошанд. Аммо, полис ин тахминро тасдиқ намекунад. Чунки ягон нишон аз ин қабил авбошон надоранд. 

Водии паррандаҳои афтанда дар  Ҳиндустон низ як ҷойи хеле асроромезест. Дар он ҷо сарбурону одамхӯрон нестанд. Ҳама аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд, аммо ҳодисаи аҷиб ин ст, ки парандаҳо худ аз худ карахт шуда мемонанд. 

Дар рӯзҳои охири тобистон дар иёлати Ассами Ҳиндустон дар водии кӯҳии Ҷатинга падидаҳои ғайриоддӣ рух медиҳанд. Шабона, ба наздикиҳои нисфи шаб, паррандаҳо дар ҳолати тақрибан беҳуш ба ин ҷо меоянд.

Паррандагон хеле паст мепаранд ва  сокинони маҳаллӣ ҳатто онҳоро бо чӯбҳо зада афтонда, сипас дар болои оташ мепазанд. Бисёр паррандаҳо ба замин меафтанд ва ҳатто кӯшиш намекунанд, ки  аз дасти шахсе, ки онҳоро мебардорад, гурезанд.

Сокинони водӣ мутмаинанд: маҳз Худо  онҳоро барои зиндагии одилона бо фиристодани тӯъмаи осон подош медиҳанд.

Олимон муайян кардаанд, ки рафтори гипнозии парандагон  танҳо бо омезиши ҳатмии  омилҳое, ба монанди моҳи нав, шамол ва вақти торики рӯз ташаккул меёбад. 

Дар наздикии қалъаи Франка-Кастелло дар ҷазираи Крити Юнон, бисёре аз аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон бо хрономираи аҷибе (ҳодисаи гузашта) бо номи «дроссолидҳо» дучор омадаанд, ки маънояш «қатраҳои намӣ» аст. 

Ба гуфтаи онҳо, субҳи барвақти тобистон дар болои баҳр, ки туман пӯшидааст, суробҳои аҷиби ҷанговарон пайдо мешаванд ва баъзан садои ҷанг ба хубӣ шунида мешавад. Пас аз чанд вақт, хрономираж дар деворҳои қалъа нопадид мешавад. Дар ин макон, дар миёнаи асри 19, дар байни туркҳо ва юнониҳо ҷанги шадид ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳамаи онҳое, ки ин падидаи аафсонавиро мушоҳида кардаанд, мегӯянд, ки шабаҳи ҳамон  ҷанговарон  дар қалъа пайдо мешаванд. Тадқиқотчӣ Андрей Перепелитсин чунин мешуморад, ки зарраҳои оддии дорои энергияи ба дараҷаи кофӣ баланд, ки дар ҳавои бо буғи об сершуда ҳаракат мекунанд, зарраҳои хурди буғ ба қатраҳои об мубаддаал мешаванду хатти ҳаракаташон ҳар хел шабаҳро монанд мешавад. Боқимонда ҷангу ҷанговарону садоҳои баархӯрду набард масъалаи тахайюлоти инсон аст. 

Шояд хрономиражҳо дар баъзе минтақаҳои хурд тӯфони магнитӣ ё вайроншавии геомагнитиро ба вуҷуд оранд. Барои фаҳмидани он, ки бо назардошти таъсири имконпазири ин омилҳо тадқиқоти минбаъда лозим аст. Маълум, ки хеле муассир шудаед аз ин ҳама маълумоти аҷиби берун аз ақлу дарку асоси илмӣ.

Соима Саидӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *