Бонки тавсеъаи Олмон барои тарҳи кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9,6 миллион евро ихтисос медиҳад.
Тавре дафтари матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисоди кишвар рӯзи гузашта бо Андреас Шнайдер, раиси дафтари Бонки тавсеъаи Олмон тавофуқномаи молӣ бар сари амалисозии ин тарҳро имзо карданд. Маблағи умумии шартномаи мазкур 9 миллиону 600 ҳазор евроро ташкил намуда, он барои амалигардонии лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ равона карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи баимзорасида дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016 – 2017 таҳия гардидааст.