Рубрики Хабарҳо

Пешбинии афзоиши шадиди ибтило ва марг бар асари коруно дар Амрико

Бархе ниҳодҳои Амрико баровард мекунанд теъдоди мубталиён ва қурбониёни вируси ҷадиди коруно дар Иёлоти муттаҳида ба шиддат афзоиш ёбад. То кунун беш аз як миллиону 180 ҳазор мавриди ибтило ба бемории COVID- 19 дар Амрико шиносоӣ шудааст. 

Иёлоти муттаҳидаи Амрико даргиртарин кишвари ҷаҳон бо буҳрони коруно аст. Бар пояи бархе баровардҳо теъдоди мавориди ҷадиди ибтило ба бемории COVID- 19 дар Амрико то ҳудуди як моҳи дигар мумкин аст ба чанд баробар дар рӯз афзоиш ёбад. 

Дар рӯзҳои гузашта мавориди ҷадиди ибтило ба вируси коруно дар Амрико то 30 ҳазор нафар дар рӯз низ сабт шудааст. Шуморе аз ниҳодҳои амрикоӣ баровард мекунанд ин теъдод то ибтидои моҳи июн ба наздики ҳафт баробар афзоиш ёбад. 

Ин пешбинии ҳушдоромез дар гузориши муштараки вазорати беҳдошт ва оҷонси мудирияти буҳрони федерали Амрико ироа шуда, ки рӯзномаи Ню-Йорк таймс  (The New York Times) ба нусхае аз он даст ёфтааст. 

Хабаргузории Олмон субҳи сешанбе, панҷуми май ба нақл аз ин гузориш навишт, эҳтимол дорад шумори қурбониёни бемории COVID- 19 дар Амрико то ибтидои моҳи оянда ба рӯзе 3 ҳазор нафар бирасад. 

Ду баробар шудани теъдоди қурбониён дар рӯз 

Масъулони беҳдоштии Амрико мегӯянд дар фосилаи рӯзҳои шанбе ва якшнбе теъдоди қурбониёни вируси коруно дар Иёлоти муттаҳида ҳазору  500 нафар будааст. Ба ин тартиб ин теъдод дар камтар аз чаҳор ҳафтаи дигар метавонад ду баробар шавад. 

Мутобиқи гузориш маҳрамонаи вазорати беҳдошт ва оҷонси мудирияти буҳрони федерал теъдоди мубталиён шиносоишуда ба вируси коруно низ, ки акнун дар рӯз ба ҳудуд 30 ҳазор нафар мерасад мумкин аст то аввали июн ба 200 ҳазор нафар, наздик ба ҳафт баробар афзоиш ёбад. 

Муовини сухангӯи Кохи сафед ин арзёбиро нодуруст хонда ва мегӯяд баровардҳои ироашуда дар он бо таҳлили коргари муқобила бо корунои давлат ҳамхонӣ надорад. 

Ӯ мегӯяд баровардҳое, ки Ню-Йорк таймс  (The New York Times) мунташир карда як “санади дохилӣ”-и ниҳодҳои беҳдоштӣ буда, ки ба дигар ниҳодҳои беҳдоштӣ ва ситоди муқобила бо коруно дар давлат ироа нашудааст. 

Бар пояи омори донишгоҳи амрикоӣ Ҷонc Ҳопкинс то субҳи сешанбе беш аз як миллиону 180 ҳазор мубтало ба вируси коруно дар Амрико шиносоӣ шуда ва наздик ба 69 ҳазор нафар бар асари бемории COVID- 19 ҷони худро аз даст додаанд. 

Мутобиқи омори расмӣ, дар Чин, ки конун шуйӯъи коруно шинохта мешавад теъдоди мубталиёни шиносоӣ шуда ба бемории COVID- 19 наздик ба 84 ҳазор нафар ва шумори қурбониён андаке беш аз чаҳор ҳазору 600 нафар аст. 

Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп ба хотири мудирияти буҳрони коруно бо интиқодҳои зиёде рӯ ба рӯст. Ў муттаҳам мешавад, ки дар ҳафтаҳои нахусти шуйӯъи коруно дар Иёлоти муттаҳида ин буҳронро ба андозаи кофӣ ҷиддӣ нагирифта ва бо саҳлгирӣ дар гирифтани тадобири пешгирона дар буҳронӣ шудани авзоъ масъулият дорад. 

Ба гуфтаи муовини сухангӯи Кохи сафед барои Трамп саломати шаҳрвандони амрикоӣ аз ҳама чиз муҳимтар аст. Бо ин ҳама Доналд Трамп тамоюл дорад ҳар чӣ сареътар маҳдудитҳои коруноиро коҳиш диҳад ва фаъолитҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз сар гирифта шавад. Бархе мунтақидон ин тасмимро беиртибот бо интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр намедонанд. 

Буҳрони коруно ва паёмадҳои он ҳазинаҳои камсобқае ба иқтисоди Иёлоти муттаҳида ворид кардааст. Бо тасмими муштарак Кунгира ва давлат 2 трилиону 700 миллиард доллар барои кумак ба шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ ихтисос ёфтааст. 

Дар ин миён Доналд Трамп ба тозагӣ ибрози умедворӣ карда, ки пеш аз поёни соли ҷорӣ  воксини коруно ба тавлиди анбӯҳ бирасад. Ин суханон дар ҳоле матраҳ шуда, ки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, коршиносони кишварҳои мухталиф ва ҳатто мушовирони аршади Кохи сафед низ мӯътақиданд, ки тавлиди воксини бемории COVID- 19 дасти кам байни 12 то 18 моҳ замон мебарад. 

Энтони Фаучӣ, мушовири Кохи сафед ва узви ситоди муқобила бо коруно рӯзи панҷшанбе ба шабакаи CNNгуфта буд дар беҳтарин ҳолат мумкин тавлиди воксини пешгирӣ аз бемории COVID- 19 то январи 2021 тӯл хоҳад кашид.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *