Маркази мусташори низомии Эрон дар баёнияе Туркияро ба иттихози “рафтори оқилона” фаро хонд. Ин марказ аз Туркия хост мутобиқи маслиҳати мардуми кишвараш амал кунад. Ҳамзмон бо интишори ин баёния маросими хоксупории 21 тан аз “мудофеъон ҳарам” дар Қум баргузор шуд.
Дар баёнияи маркази мусташори низомии Эрон, ки рӯзи якшанбе аввали март мунташир шуд омадааст, ки ин марказ дар шимоли Сурия мустақар аст ва мавозееро дар Идлиб тасарруф карда, ки артиши Туркия онро бомбаборон кардааст ва ин марказ аз Анқара мехоҳад, ки “оқилона” рафтор кунад.
Дар бахше аз баёнияи таҳдидомези маркази ёдшуда омадааст: “Ба миллати Туркия хотирнишон мекунем, фарзандонашон як моҳ аст, ки дар тирраси мо қарор доранд ва мо метавонистем интиқом бигирем вале ба далели дастури фармондеҳонамон аз ин амал худдорӣ карда, вале аз шумо мехоҳем ба мақомоти худ барои ҷилавгирӣ аз кушта шудани сарбозони турк ва пойбандӣ ба тавофуқҳо фишор оваред.”
Маркази мусташори низомии Эрон дар бораи далели ҳузури нерӯҳои худ дар Сурия ҳам навиштааст, ки ба думболи дархости давлати Сурия дар озодсозии масири М5 бо артиши ин кишвар ҳамкорӣ карда ва нерӯҳое аз Сипоҳи посдорон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон баъд аз озодсозии масир ба ироаи хадамот ба сокинони манотиқи озодшуда машғул шуданд.
Маркази мусташори низомии Эрон дар қисмати дигаре аз баёнияи худ таъкид кардааст, ки марокизи артиши Туркия дар тирраси нерӯҳои ин марказ қарор дошта, вале тибқи тавофуқномаи Остона ин марказ ҳамла накарда ва то ба ин лаҳза аз ҳадаф қарор додан марокизи Туркия худдори кардааст.
Ин маркази вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин эълом кардааст, ки мавзеъи дифоъӣ дорад ва бо вуҷуди ин, артиши Туркия аз ҳаво бо оташборӣ ва партоби мушакҳои нуқтазан нерӯҳо ва марокизи онҳоро бомбаборон кардааст.
Ин марказ дар баёнияаш мегӯяд, ки миёнҷигариро барои гуфтугӯ бо артиши Туркия фиристодааст то ин “ҳамалот ва рафторҳои нописандро мутаваққиф кунад” аммо Туркия ба ҳамалоти худ идома дода ва чандин нафар аз размандагони онҳо “ба шаҳодат” расидааст.
Ин марказ гуфтааст, ки қасди муқобила бо артиши Туркияро надорад ва фармондеҳон барои ҳали буҳрони байни Сурияву Туркия аз тариқи дипломатик пофишорӣ мекунанд.
Ташйеъи 21 “мудофеъи ҳарам” дар Қум
Маркази мусташори низомии Эрон теъдоди воқеъии кушташудагони худро эълом накардааст, аммо хабаргузории расмии ҳавза хабар додааст, ки дар пайи даргириҳо дар Идлиби Сурия 21 нафар аз нерӯҳои Фотимиюн ва Зайнабиюн ба шаҳодат расиданд. Ба навиштаи ин веб-сайт рӯз якшанбе, 1 март кушташудагон дар “биҳишти Маъсума” ташйиъ ва тадфин хоҳанд шуд.
Теъдоди воқеъии кушташудагони эронӣ ва нерӯҳои Ҳизбуллоҳ, он гуна, ки расонаҳои минтақа гузориш доданд, бештар будааст. Ба навиштаи шабакаи Алҷазира дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Туркия ба шимоли Сурия, теъдоде аз фармондеҳони аршади артиши Сурия ва шуморе аз аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнон низ кушта шуданд.
Туркия: садҳо шабҳинизомии Эрон кушта шуданд
Рӯзномаҳои Туркия дар чанд рӯзи гузашта аз кушта шудани садҳо шибҳинизомии мавриди ҳимояти Эрон дар Идлиб хабар доданд. Хабаргузории Анатолии Туркия навиштааст, ки 22 гурӯҳи шибшҳинизомии эронӣ аз кишварҳои мухталиф, ки теъдоди нафароташон ба 120 ҳазор нафар мерасад дар 232 минтақаи Идлиб ҳузур доранд ва аз шарқ, ғарб ва ҷануб, Идлибро муҳосира кардаанд.
Анатолу зимни террорист хондани гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон навишта, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 2014 ҳазорон шибҳинизомии хориҷиро аз Ироқ, Лубнон, Афғонистон ва Покистон ба Сурия эъзом карда ва ин гурӯҳҳо омили марг даҳҳо ҳазор ғайринизомии сурӣ ва қаҳтӣ, гуруснагӣ, фоҷиаи инсонии ва муҳоҷират мардум Сурия шудаанд.
Ба навиштаи Анатолу, то кунун 15 генерали эронӣ дар ҷанги Сурия кушта шудаанд, ки муҳимтарини онҳо сардор Ҳусайн Ҳамадонӣ, муовини Қосим Сулаймонӣ. фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон, будааст.
Оғози ҳамлаи “Сипари баҳор”-и артиши Туркия дар Идлиб
Хулуси Окор, вазири дифоъи Туркия, рӯз якшанбе 11 исфанд эълом кард, амалиёти “Сипари баҳор”-и артиши ин кишвар дар Идлиби Сурия оғоз шуда ва бо муваффақият идома дорад.
Окор гуфтааст: “то кунун дар ин амалиёт ду ҳазору 122 тан аз аносири режими Асад кушта ва як паҳпод, ҳашт болгард, 103 тонк, 72 тӯп ракетандоз, се падофанди ҳавоии онҳо низ мунҳадим шудааст.”
Дар манотиқе, ки артиши Туркия амалиёти “Сипар баҳор”-ро анҷом медиҳад неруҳои Сипоҳ посдорон ва “Мудофиъини ҳарам” мустақар ҳастанд. Ин амалиёт метавонад танишро байни Эрон ва Туркия бештар кунад. Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури ин кишвар, ба сароҳат аз “терористҳои эронӣ” сухан гуфта ва хостори хурӯҷи шибҳинизомиёни эронӣ аз минтақаи ҳоил дар Идлиб шудааст. Урдуғон ва Хулуси Окор борҳо аз Русия хостанд ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқнома Идлиб мутааҳҳид бошанд.
Окор бо ишора ба ин ки Туркия қасди ҷанг бо Русияро надорад таъкид кард: “интизори мо аз Русия, истифода аз қудрати муассири худ барои мутаваққиф кардани ҳамалоти аносири режими Асад ва ақибнишинии онҳо ба пушти марзҳои тавофуқи Сочӣ аст. Ҳадафи мо мутаваққиф кардани қатли оми мардуми Сурия тавассути режими Асад ва муқобила бо мавҷи ҷадиди муҳоҷират аст”.
Дойче Велла