Дар Санкт-Петербург дар як рӯз ду фарзанди ноболиғи муҳоҷирони тоҷик аз сармозадагӣ фавтидаанд.
Бино ба гузориши хабаргузории , ки бо истинод ба мақомоти интизомӣ иттилоъ додааст, дар як хонаводаи зодагони Тоҷикистон, ки дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекардаанд, як кӯдаки сесола ба ҳалокат расидааст.
Кӯдак дар хона, хиёбони Пискаревский, ноҳияи Красногвардейский ҷон додааст. Дар ҷасади кӯдак аломатҳои берунаи зӯроварӣ мушоҳида нашудааст.
Гуфта мешавад, ноболиғ дар қаламрави Федератсияи Русия сабти ном нашудааст.
Тафтишот маълум кардааст, ки ҳанӯз 5 декабр таби кудак баланд мешавад, месулфад ва оби бинияш мерезад. Падару модараш ба табиб муроҷиат накарда, танҳо бо доруҳои аз дорухона харидашуда ӯро дар хона табобат кардаанд.
Падари ин писарбача, ҷавони 26-солаи тоҷик, ҳарчанд патенти корӣ доштааст, аммо ба таври ғайрирасмӣ ба ҳайси курйер кор мекардааст.
Модари 23-солааш бошад, қайди буду бош надоштааст ва дар ягон ҷо кор намекардааст.
Дар давоми 24 соати охир ба ҷуз ин боз як кудаки панҷмоҳаи муҳоҷири тоҷик дар кӯчаи Коммунарови ноҳияи Красносельскии Санкт Петербург, дар хонаи шахсии №35 аз фавтидааст. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ яке аз аъзои оилаи ин кудак расман дар қаламрави Федератсияи Русия ба қайд гирифта нашудаанд.
Волидони кӯдак, шаҳрвандони Тоҷикистон, ба пизишкон занг задаанд. Баробари ба ҷои ҳодиса расидан, табибон маълум карданд, ки ноболиғ қабл аз омадани онҳо ҷон додааст.
Ба иттилои хабаргузории аз оилае, ки дар он кудаки панҷмоҳа вафот карда буд, мақомоти сарпарастии кудак (органы опека) чор кудакро гирифта, модарашро ба боздоштгоҳ бурдаанд.