Дар Варшава, пойтахти Лаҳистон бо ибтикори намояндагии ҲНИТ дар ин кишвар маросими ёдбуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, поягузор ва раиси қаблии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси аввали ҲНИТ ва поягузори сулҳи байни тоҷикон, ки ба ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ хотима гузошт, 17 сол қабл, 9 августи соли 2006 баъди бемории тулонӣ, ки гуфта мешавад аз таъсири заҳри ба ӯ додашуда пайдо шуда буд, дар синни 59 солагӣ дунёро тарк гуфт.
Дар маҳфил раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва чанде аз шогирдони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ суханронӣ намуданд.
Гузориши пурра дар бораи ин нишаст ба зудӣ нашр мешавад.