Мақомоти амниятии вилояти Ғӯр дар ғарби Афғонистон бомдоди рӯзи шанбе, 12 май таъйид карданд, як русто дар ин вилоят ба дасти Толибон суқут кард.
Иқбол Низомӣ, сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Ғӯр гуфт, рустои Авшони вусулволии Шаҳрак бомдоди имрӯз, шанбе ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромад.
Низомӣ афзуд, даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва ҷангҷуёни Толибон сурат гирифт, ки дар натиҷа як сарбози маҳаллӣ кушта ва як сарбози дигар захм бардошт.
Сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Ғӯр дар мавриди талафоти ҷангҷуёни Толибон чизе нагуфтааст. Гурӯҳи Толибон ҳам то кунун дар ин маврид изҳорот надодаанд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи ҳуҷуми Толибон ба идораи пулис ва чан посгоҳ дар шаҳри Фараҳ, маркази вилояти ҳамном, ҳудуди 30 пулиси афғон кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба Толибон муяссар шудааст миқдоре аз силоҳ ва муҳимоти дигари ҷангиро ғанимат баранд.
Вилоятҳои Ғӯр ва Фараҳ дар ғарби Афғонистон қарор дошта, аз вилоёти ноамн ба шумор мераванд, ки ҷангҷуёни вобаста ба гурӯҳҳои Толибон ва Доъиш дар шуморе аз вусулволиҳои ин вилоятҳо фаъолият доранд.