Categories Хабарҳо

Ҳукумати Бохтар “заникорбозор” месозад (филм)

Дар шаҳри Бохтар дар баробари мардикорон ба занҳои корҷу низ заникорбозори махсус бунёд карда мешавад. 

Валиҷон Ятимзода, сармеъмори бахши меҳмонӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар  ба расонаҳои маҳаллӣ дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки ин макон метавонад занони корҷӯро аз гармиву сардӣ эмин нигоҳ дорад.

Валиҷон Ятимзода афзуда, ки дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар, наздики терминали мусофиркашонӣ барои 150 нафар зану марди корҷӯ дар масоҳати 4 сотиқ замин бо дастгирии ҳукумати шаҳр ва соҳибкорон макони болопӯшида сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки солу соатҳои тулонӣ садҳо зану марди корҷӯ дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ меоянду аз пайи ризқу рӯзии худ мешаванд. 

Даҳҳо нафар зани корҷӯ зимни суҳбат гуфтанд, ки аз бунёди макони нави болопӯшида шоданд, зеро соатҳои тулонӣ зери нурҳои сӯзони офтоб ва барфу борон буданду азият мекашиданд.

Гуфтанист, то чанд соли пеш таҷаммӯи занони корҷӯ дида намешуд. Асосан мардони корҷӯ дар ҷойҳои махсус ҷамъ мешуданд, ки инмавзеъҳоро мардикорбозор ном мебаранд. Ҳамакнун набуди ҷои корӣ ва тангдастӣ дар Тоҷикистон ҳатто занонро низ ба бозори кор ҷамъ овардааст.

Мунтақидон мегӯянд, барои занон, ки ҷисми заифашон тоби корҳои сангинро надорад, ба ҷои таъмин кардан ба ҷои кории арзанда, бозори кории занон сохтан як амали нангин аст.

Чанд рӯз қабл филми мустанади коргардони ҷавон Маҳпоар Каримова бо номи «Мардикор» дар бораи занони корҷӯ нашр шуд, ки истиқболи гарми тамошобинонро дар пай дошт. Филмро инҷо метавонед тамошо кунед:

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *