Ҷустуҷӯи баҳсбарангези гази табиӣ аз ҷониби Туркия дар баҳри Медитарона (Миёназамин) ба муддати панҷ рӯз тамдид шуд. Юнон давлати Анқараро ба эҷоди нооромӣ муттаҳам кард. Таниш бо Туркия боис шудааст, ки Юнон ба фикри афзоиши ҳазинаи таслиҳоти худ биёфтад.
Рӯзи сешанбе, 1 сентябр як мақоми масъули нерӯи дарёии Туркия эълом кард, ки маъмурияти киштии таҳқиқоти «Уруҷ Раис» барои ҷустуҷӯи гази табиӣ дар шарқи баҳри Медитарона то 12 сентябр тамдид мешавад.
Ин маъмурият пештар, дар рӯзи 23 август ба муддати як ҳафта тамдид шуда буд.
Вазорати хориҷаи Юнон ба шиддат аз ин иқдоми Анқара интиқод кард. Дар баёнияе, ки ин вазоратхона мунташир кард омадааст: “Туркия фаъолона нақши ошубгар ва омили бесуботӣ дар минтақаро ифо мекунад.”
Фаъолиятҳои ахири киштиҳои Туркия барои кашфи газ дар шарқи Медитарона боиси таниш байни Анқара ва Афина шудааст зеро ҷустуҷӯи газ аз ҷониби Туркия дар минтақае анҷом мешавад, ки давлати Юнон иддао мекунад, ба ин кишвар тааллуқ дорад.
Дар ҳамин ҳол, давлати Туркия ҳамвора таъкид карда, ки минтақаи мавриди ковиш, бахше аз Туркия аст.
Афзоиши будҷаи таслиҳотӣ
Таниш бо Туркия боис шудааст, ки Юнон ба фикри афзоиши ҳазинаҳои таслиҳотии худ бияфтад. Кристус Устойкурос, вазири дорои ин кишвар дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии «Алфа» эълом кард, ки бахшҳое аз захоири нақди артиш барои ин манзур ҳазина хоҳад шуд.
Устойкурос иттилооти бештаре дар ин бора фош нисохт ва танҳо гуфт, чигунагии масрафи захоир нақдии артиш «ба авлавятҳои давлат ва вазорати дифоъ бастагӣ дорад».
Юнон ба далели буҳрони молии шадид тайи даҳ сол гузашта ҳазинаҳои дифоъии худро ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш додааст.
Чанди пеш Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳур Туркия дар робита бо рӯёрӯӣ бо Юнон ҳушдор дода буд: “агар касе моил аст ҳазинаи онро бипардозад, метавонад бо мо дарбияфтад”.