Рубрики Хабарҳо

Таноқуз: афзоиши истеҳсолот ва воридот дар як замон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар кишвар ба андозаи 13,3 дарсад тайи 8 моҳи соли ҷорӣ гузориш додааст.

Бино ба гузориши вазорат, дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба арзиши 16 миллиарду 272,1 миллион сомонӣ, муодили беш аз 1,6 миллиард доллар масолеҳи саноатӣ тавлид шудааст.

Бино ба иттилоъи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон,  ҳаҷми масолеҳи саноатии тавлидшуда дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 13,3 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

“Рушди тавлиди маводи энержӣ ва ғайриэнержӣ, тавлиди маводи ғизоӣ, пардозиши чӯб ва тавлидоти бофандагӣ боиси болоравии ҳаҷми масолеҳи саноатӣ шудааст.

Ахиран Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар ҳашт моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 4,6 миллиард доллар ё 44 миллиарду 893,8 миллион сомониро ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% рушд ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки дар низоми маҷмӯи маҳсулоти дохили болоравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – ба 13,3 фоиз баробар шудаст. Ин нишондод дар ҳашт моҳи соли гузашта 12,9% буд.  Инчунин маҳсулоти кишоварзӣ – 8,3%, муомилоти савдои чакана – 8,5%, боркашонӣ – 4,7% ва хизматрасонии пулӣ – 2% афзоиш ёфтаанд.

Масъулини Вазорат, дар шарҳи афзоиши ҳиссаи саноат дар низоми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки дар 8 моҳ ба 17,9% баробар шудааст, изҳор доштаанд, ки болоравӣ ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии Тоҷикистон рабт дорад.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши истеҳсолот хабар медиҳанд, ки тавозуни тиҷории кишвар – фарқи байни воридот ва содироти кишвар ба самти манфӣ пеш меравад. Ҳар сол воридот афзоиш ва содирот камтар мешавад. Барои мисол, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли гузашта ба $2 млрд. 499,5 млн., расид, ки 1,3%, ё $33 млн. нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.  

Тавозуни тиҷорӣ манфӣ боқӣ монд ва воридот аз содирот $1 млрд. 216,6 млн. бештар буд. Содирот дар моҳҳои январ-июли 2019 ба $641,5 млн. баробар буда, воридоти мол ба кивар ба $1 млрд. 858 млн. расид. Нишондиҳандаи воридот 2,8 баробар бештар аз содирот аст.

Ҳамчунин гузориши афзоиши истеҳсолот ба таноқузи дигаре ҳам рӯбарӯст: тибқи гузориши ҳамин вазорат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 180 корхонаи истеҳсолӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *