Дар назди Вазорати корҳои хориҷаи Олмон, бо ҳузури даҳҳо нафар фаъолони сиёсии мухолифи давлати Эмомалӣ Раҳмон тазоҳурот шурӯъ шуд. Дар тазоҳурот раҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ ва Алим Шерзамонов, муовини аввали ӯ ширкт доранд.
Ин тазоҳурот дар эътироз ба сафари Раҳмон ба Аврупо роҳандозӣ шудааст. Фаъолони сиёсӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо, ба хусус Олмон талаб доранд бо пазируфтани диктатори тоҷик дар кишварҳояшон ба ӯ машрӯъият надиҳанд.