Categories Хабарҳо

“Иди Қурбон —рӯзи умумиллии нофармонӣ”

Алим Шерзамонов, яке аз фаъолони сиёсӣ ва роҳбари бахши Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон дар Бадахшон даъват кардааст 1-уми сентябр рӯзи умумиллии нофармонӣ эълон гардад.

Шерзамонов тариқи саҳифаи фейсбукии худ аз ба мактаб даъват шудани хонанданону донишҷӯён изҳори нигаронӣ карда, навиштааст: “Иди Қурбонро рӯзи корӣ эълон кардани мақомоти кишваре, ки 98 дарсади ҷамъияташро мусалмонон ташкил медиҳанд, ба мардум ҳақи тазоҳурот медиҳад.”

Ӯ пешниҳод кардааст:  “Ин рӯз бояд рӯзи умумимиллии нофармонӣ (День общенационального неповиновения) эълон шавад!”

Раҳбари ҲСДТ дар Бадахшон тамоми волидони муҳассилини макотиби миёна, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, коллеҷҳо, макотиби олӣ ва омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват кардааст: “Рӯзи 01.09.2017 аз ҳуқуқи конститутсионии худ дифоъ карда, ҳама чун як тан аз ширкат дар таҳсил ва тадрис худдорӣ кунед. Ин ҳуқуқи конститутсионӣ ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост, ки аз муқаддасоти худ дифоъ намоем.”

Шерзамонов ҳамчунин истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал овардааст, ки “сар аз имрӯз то Иди Қурбон ҳамаи масъалаҳои ҷузъиро як сӯ гузошта, дар ин тазоҳурот бо пиёдасозии флешмоби густарда саҳим бошед.”

 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *