Рубрики Хабарҳо

Баъди 4 соли “афсона” шудани лимити барқ Раҳмон ба вуҷуди он эътироф кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидораш аз НОБ “Норак” эътироф кард, ки дар кишвар маҳдудияти барқрасонӣ вуҷуд дорад, аммо он муваққатист. Чаҳор сол қабл зимни ба истифода додани чархаи НОБ “Роғун” Раҳмон бо ифтихор эълон карда буд “лимит дар Тоҷикистон акнун афсона шуд”.

Гуфта мешавад имрӯз, 24 октябр, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чархаи №1-и НОБ “Норак”-ро, ки аз соли 2019 дар таъмир қарор дошт, ба истифода додааст. 

Тибқи иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, тавоноии ин чарха 375 МВт аст.

Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар назди фаъолону раҳбарони шаҳри Норак, гуфт, бӯҳрони энергетикӣ ҳато дар кишварҳои пешрафта ҳам дида мешавад ва аз мардуму корхонаҳо талаб кард барқро сарфакорона истифода кунанд. Маҳдудияти барқро, ки дар шаҳру навоҳии кишвар то 14 соат дар шабонарӯз идома мекунад, раисҷумҳур “истифода аз рӯзҳои мусоид” хонд, ки гӯё оби обанборҳо сарфа мешаванд  ва он “ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.”

Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2012 на камтар аз 4 маротиба ба мардум ваъда дод 1 ё 2 сол пас лимит дар Тоҷикистон аз байн меравад ва санаҳои онро ҳам 4 дафъа муқаррар кард. Ва билохира соли 2018 эълони “афсона” шудани лимитро намуд. Маҳдудият танҳо ҳамон сол вуҷуд надошт ва шурӯъ аз соли 2019 дубора роҳ афтод.

“Барқи тоҷик” ҳам рӯзи 12 октябр эълон кард бо вуҷуди пур будани обанбори «Норак» эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад, бинобар ин маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Мардуми Тоҷикистон аз набудани барқ дар ҳоле азият мекашанд, ки оморҳо аз афзоиши фурӯши барқ ба Афғонистон хабар медиҳанд. Тибқи омор моҳи сентябр ба кишвари ҳамсоя ба маблағи 17 миллион доллар барқ фурӯхта шудааст. Ҳаҷми фурӯш дар моҳи октябр ҳанӯз эълон нашуда, аммо аз камтар шудани содирот ба хориҷ бинобар камбуди барқ дар дохил низ эълоне нарафта буд.

Одатан ҳукумат, аниқтараш Оила тарҷеҳ медиҳад барқро ба хориҷ фурӯшад. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, маблағи барқи ба хориҷ фурӯхташуда ба ҳисобҳои офшории хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон интиқол дода мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *