Агар касе дар бораи бемории рӯҳӣ ҳарф занад, эк эҳоси нохушонде ҳар шунавандаро фаро мегирад. Борҳо аз як зане, ки фарзандаш гирифтори чунин беморӣ буд, мешунидам, ки мегуфт. Бигузор даста каҷ мешуд, ё пояш нуқсон медошт, ё забонаш лакнат медошт, ки лоақал як ҳамдардиатро мефаҳмид. Аммо бемории равонӣ ҳамагӣ аз танқисии ақл азият намекашанд, ё атрофро азият намедиҳанд. Баръакс ҳастанд нобиғаҳои илму маънавиёт низ аз ин қабил одамони гирифтор. Баъзе одамоне, ки аз норасоиҳои равонӣ ранҷ мебаранд, алорағми кор қобилияти аҷибу фаровони зеҳниро армуғон доранд. Ҳоло тасмим гирифтем,ки шуморо бо бархе аз афроди машҳури таърихӣ, ки гирифтори норасоии зикркардаамон мебошанд, шинос намоем. Инҳо 28 нафаранд, ки хадамоташон дар ҷодаҳои гуногуни илмӣ сабт шудааст. Воқеан хидматҳое, ки эшон дар улуми фалсафа, риёзӣ, шеърва ғайра зоҳир намуданд, ҳайратфизо ҳам ҳаст. Бинобар ин агар замоне худро нафаҳмидеду назди табибе равоншинос рафтед ва ӯишора кард, ки мумкин аст бемории равонӣ дошта бошед, ҳаргиз нороҳат нашавед. Эҳтимол аст, ки азшумо нобиғаи машҳуре барояд.
Яке аз нависандагони машҳури асри бистум Эрнест Ҳамингуэ асарҳои хеле хотирмону пурмантиқе аз худ боқӣӣ гузоштааст. Соли 1954 барои мероси адабии хеле пурмӯҳтавои барои ояндагон гузоштааш, мукофоти Нобелӣ низ гирифта буд. Ҳамин қадар, ки доиман гирифтори афсурдагӣ буд. Талош варзид, ки худро тариқи шоки дармонӣ муолиҷа кунад, вале муваффақ нашуд. Дар давоми зиндагиаш боз ба бемориҳои саратон, зардпарвин, молярия, сӯхтанӣ (сибирская язва) ва диабеди қанд гирифтор шуда буд. Доиман гумон мекард, ки абри бадбахтие хонаводаашонро фаро гирифтааст. Падараш, хоҳару як додараш даст ба худкушӣ зада буданд. Аввалин нависандае, ки тарҷимаи ҳоли Эрнест Ҳамингуэро навиштааст, аз тирезаи ошёнаи баланд худро ҳаво дода вафот кард. Билохира Эрнест низ бо шиллики гулӯла худро паронд.
Қаҳрамони дигари мо Алберт Эйнштейн то чорсолагӣ калимае нагуфта буд, Чандин маротиба аз имтиҳоноти давлатӣ нагузашта, ҳатто аз фанне, ки худ олими он аст, баҳои пасттарин мегирифт. Бисёре аз мутахассисонмӯътакиданд, ки Эйнштейн ба бемории аутизм гирифтор буд.
Винсент ван Ког мусаввири бузурги ҳолландӣ дар замони зиндагиаш он қадар муваффақияте надошт. Дучори бемории равонии таваҳҳум буд, ки дар забони мардумӣ ваҳмак ҳам мегӯянд. Соли 1890 ба синаи худ аз таппонча тир холӣ кард ва ҳангоми ин амал гуфт:”Ғаму андӯҳ то абад пойдор аст” Он вақт ҳамагӣ 37 сол дошт.
Исаак Нютон, кошифи нерӯи ҷозиба чун олими бузурги фанни физика машҳури олам гаштааст. Як ҳолати аҷибе зуд-зуд бо ӯ рух медод, ки рӯйи тахт дароз мекашиду як муддат он қадар сахт ба хаёл фурӯ мерафт, ки ҳатто каме ҳам ҳаракат намекард, яъне тамоман мурда барин мешуд. Микеланҷело муҷассамасоз ва наққоши маъруф низ ба бемории аутизм гирифтор буд ва дар одоташ бараъло ин иллати равонӣ мушоҳида мешуд. Канора меҷуст, эҳсоси меҳру кинаву шодиву ғамаш батамом гум мешуд, гӯё худ низ ҳайкали сангини муҳаррик аст. Олими илми физика ва муҳандиси бисёр муваффақ Никола Тесларо дар замони зиндагиаш қариб ки касе намешинохт. Ӯ ба бемории васвози дараҷаи аввал гирифтор буд, ки аз расидан ба чизҳои атрофи худ гоҳохуддорӣ мекард ва албатта аз тарс.
Равоншиноси машҳур Карл Юнг, ки назарияҳои бузурге дар илми равоншиносӣ дорад, худаш бемори равонӣ дошт. Ӯ ҳам ба бемории васвос гирифторӣ дошту доим эҳсос мекард, ки садое дар гӯшаш замзама дорад. Ҳамин бемориаш сабаб буд, ки Юнг дидгоҳҳое дар ин замина барои илми равоншиносӣ боқӣ гузошт. Муаллифи китоби “Сарвати милал” Адам Смит худ ба худ гап зада мегашт. Мардум мегуфтанд,ки мухотаби гуфтораш доимо худаш аст. Ба ҳар ҳол бо як мавҷуди хаёлӣ дар иртибот буду шӯру қиём ҳам мебардошт.
Фридрих Ниче шахсиятест, ки назарияҳояш фалсафаи ғарбро ба таври васеъ таҳти таъсири худ қарор додааст. Аммо ӯ доиман ғамбор буд ва афсурдагии шадиде дошт. Гоҳо аз ҳама дур мешуду ба касе бовар намекард ва ҳатто бо волидайнаш алоқаро меканд. Аз соли 1889 дар давоми 11 сол таҳти назорати духтурони рӯҳшинос ҳам буд.
Чарлз Дарвин дар миёнсолагиаш тамоман гӯшагир шуду дигар авомро тамоман намехост, ҳарчанд дар навиштаҳояш доиман аз ҷамъияту фоидаҳои сарҷамъӣ менавишт. Ҳамеша асабӣ ҳам буд.
Абраам Линколн президенти 16-уми Амрико, қаҳрамони халқии Амрико, озодибахши ҳазорон ғулом, сиёсатмадори бузурге буд. Аммо гирифтори ҳолати равоние буд, ки хурсанд шуда наметавонист. Ҳатто шеъре дар бораи худкушӣ навишта буд. Баъди марги ӯ ҳамсараш низ бо ташхиси чунин беморӣ, яъне афсурдагӣ (депрессия) бистарӣ кунонида шуд.
Бетховен мусиқанависи шинохтаи дунё бо мусиқаҳое шигифтангез машҳур гаштааст. Ӯ аслан намешунид ва мусиқаро чи тавр дарк мекард, хеле ҳайратовар аст. Лаҳзаҳое мешуд,ки сахт ба ғам фурӯ мерафт ва дар он ҳолати депрессия боқӣ мемонду чизе офарида ҳам наметавонист. Соли 1827 аз бемории ҷигар вафот карда буд. Шояд аз таъсири ин ҳама ғами беҳуда хӯрданаш ҷигарро корношоям карда буд.
Романнависи Бритониёӣ Чарлз Дикенз даврони кӯдакии сахте дошт, ки падараш оиларо гузошта рафта буд. Доиман ғамгину дилшикастае буд ва табибон ин ҳолатро бемории равонӣ ташхис гузошта буданд. Вақте як садамаи қатораро дар роҳи оҳан дид,ҳолати афсурдагиаш шадидтар гашту дигар чизе навишта натавонист. Уинстон Черчил сиёсатмадори беҳамтои англис ҷанги дувуми ҷаҳонро роҳбарӣ карда буд. Ин марди зирак, ки ҳушу тадбири бемисле дошт, аз чӣ бошад, ки доим афсурда буд ва борҳо қасди худкушӣ ҳам карда буд.
Вирҷинио Вулф нависандаи маъруфи Бритониёӣ ва мунаққиди адабиёт ба беморие гирифтор буд, ки доимо мурдан мехост. Ҳарчанд ҷисман солим буд, рӯҳан ягонбор шодиро намепазируфт. Соли 1941 кисаҳояшро бо сангреза пур карда, худро ба дарё ғарқ намуд. Он вақт 59 сол дошт. Нависандаи бузурги рус Лев Толстой низ ҳамеша афсурдаву ғамгин буд, ҳарчанд сарвату хонаводаи намунаие дошт. Мусиқанавис Мотсарт аввалин мусиқаи худро дар сесолагиаш эҷод карда буд. Аз кӯдакӣ дорои ҳушу истеъдоди болое буд ва ба кӯчактарин садоҳо вокуниш нишон медод. Равоншиносон аз кӯдакиаш ташхис гузошта буданд, ки дучори бемории равонии аспергер аст.
Нависандаи дигар Филип Дик доимо гумон мекард ва ҳарос ҳам дошт, ки аз танаш ҷудо мешавад. Бисёре ҳамзамононаш мегуфтанд, ки девонагӣ дорад ва худаш низ дар бораи бемории равонии худ китоберо соли 1965 навишта буд.
Кург Вонегут нависандаест, ки таъсири асарҳояш ба сиёсати Амрико зиёд буд. Бемории равони дар авлоди ӯ собиқаи тӯлоние дошт. Чунки модараш ҳам дар рӯзи иди модарон худкушӣ карда буд. Он вақт кург Вонегут хеле хурдсол монд. Нависанда аз бемории равонии худ огоҳ ҳамбуд ва табобати зиёде ҳам гирифт, аммо муваффақ нашуда монд. Ҳамчунин рассом Пикассо, шатранҷбози машҳур Боби Фишер, нобиғаи математик Ҷон Нос низ дар ҳамин қаторанд.
Соима Саидӣ