Categories Хабарҳо

403 ҳазор афғонистонӣ аз Эрону Покистон баргаштаанд

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ), ки бахше аз Созмони Милалии Мутаҳид аст, дар гузориши наваш рӯзи 31 октябр гуфт, ки шурӯъ аз соли 2019 дар маҷмӯъ беш аз 403 ҳазор нафар аз Эрону Покистон ба Афғонистон баргаштаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки аз Эрони ҳамсоя дар маҷмӯъ беш аз 385 ҳазор нафар ва нисфи онҳо таҳти муқаррароти истирдод маҷбур шуданд ба Афғонистон баргарданд.

Бино ба ҳисобҳои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, тахминан якуним то 2 миллион шаҳрванди бидуни санади Афғонистон дар ҳудуди Эрон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо бо ҳадафҳои иқтисодӣ ба Эрон рафта, вале боз ҳам зери фишори мушкилоти иқтисодие, ки ин Ҷумҳурии Исломӣ дорад, водор шуданд дубора ба Афғонистон баргарданд.

Аз оғози соли ҷорӣ ҳудудан 17,5 ҳазор нафар аз Покистон баргаштанд. Дар ҳудуди ин кишвар тахминан 1миллиону 300 ҳазор афғон ба сар мебарад ва беш аз 1 миллион нафари онҳо сабтином нашудаанд.

Бекории сартосарӣ ва иқтисоди заъифу набуди амният бисёр шаҳрвандони Афғонистонро водор мекунад, ки дар кишварҳои ҳамсоя рӯзии худро ҷӯё шаванд.

Дар гузориш инчунин омадааст, ки дар 18 соли ҷанги Афғонистон беш аз 38 ҳазор сокинони мулкӣ ҷони худро аз даст доданд. Танҳо дар фосилаи моҳҳои июл то сентябри соли ҷорӣ дар Афғонистон 1200 сокини мулки кушта шудаанд ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 42 дарсад бештар будааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *