Баъд аз интишори видеое, ки дар он хабарнигорро як фармондори Эронӣ таҳдид мекард, ба интиқоди густурда ва сару садои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд ва устондори Исфаҳони Эрон ин фармондорро аз вазифа барканор кард.
Мӯҳсин Меҳрализода, устондори Исфаҳон, бо ибрози таассуф ва узрхоҳӣ аз бархурди тунде, ки бо хабарнигор сурат гирифтааст, зимни сӯҳбаташ бо телевизиони эронӣ гуфт, ки баъд аз интишори видео ва хабар ёфтанаш аз ин ҳол, билофосила Ҳусайн Фаросат, фармондори Гулпойгонро ба ҳузур даъват намуда, баъди баррасӣ аз вазифа барканор кардааст.
Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, хусусан дар инстаграму фейсбук, твиттер ва телеграмм мунташир шуд, Ҳусайн Фаросат ба хабарнигоре, ки мехоҳад дар ҷаласаи корӣ аз ӯ аккосӣ кунад, ҳушдор медиҳад, ки ин корро накунад.
Хабарнигор шуғлашро ба ӯ ёдоварӣ мекунад ва мегӯяд, ки хабарнигор аст ва аз ҷаласа акс мегирад.
Фармондори собиқи Гулпойгони Исфаҳон ба тундӣ ӯро таҳдид мекунад ва бо лаҳни тунд фармон медиҳад, ки акс нагирад вагарна худаш ва дӯрбинашро аз ҷаласа берун меандозад. Бигзор равад берун ва худашро аккосӣ кунад.
Фармондор бо лаҳне тавҳиномез таъкид мекунад, ки ин масоил рабте ба ӯ надорад ва бояд ба ҷояш бинишинад ва халал нарасонад.
Хабарнигор дар посух мегӯяд, ки барои таҳия ва гузориш аз ҷаласа омадаааст, аммо фармондор бо фарёд ӯро таҳдид мекунад ва аз ҷояш баланд шуда, бо асабоният ба сӯи хабарнигор ҳаракат мекунад. Дар инҷо афроди ҳозир дар ҷаласа ӯро медоранд то ба хабарнигор ҳамла накунад.
Мӯҳсин Меҳрализода, устондори Исфаҳон баъд аз таъйиди хабари барканории Ҳусайн Фаросат гуфтааст, ин бархурд «дар шароити табиӣ рӯй надодааст» ва афзудааст, «ҳунари мардони бузург ин аст, ки дар шароити хос худро контрол карда тавонанд ва нақзи ин масъала барои мо ғайри қобили қабул аст».
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барканории фармондор Ҳусайн Фаросатро истиқбол намудаанд. Видеое, ки аз таҳдиди фармондор ба хабарнигор дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн шудааст, бо бозтоби густурда, садҳо нафар ба он назар навиштаанд.