Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи сешанбе, 9 август аз кишварҳои ғарбӣ хост вуруди тамоми гардишгарони русро мамнӯъ эълом кунанд.
Зеленский дар мусоҳиба бо нашрияи Вашингтон Пости Амрико истидлол кард, ки чунин мамнӯъият муассиртар аз таҳримҳои феълӣ хоҳад буд, ки вуруди мақомоти муртабит бо Кремлро ба ин кишварҳо мамнӯъ мекунад.
Ӯ афзуд русҳо то замоне, ки “тафаккури худро тағйир надодаанд бояд дар дунёи худашон зиндагӣ кунанд”.
Дар вокуниш ба ин суханон Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин бо маҳкум кардани изҳороти Зеленский гуфт: “ҳар гуна талош барои мунзавӣ сохтани русҳо ё Русия амрест, ки оянда надорад.”
Шаҳрвандони Русия дар ҳоли ҳозир метавонанд визои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикоро дарёфт кунанд ва гардишгарони ин кишвар ба сурати пуршумор таътилоти худро дар кишварҳое назири Миср, Туркия ва Амороти арабӣ муттаҳида мегузаронанд.
Дархости раисҷумҳури Укроин барои мамнуъияти вуруди гардишгарони Русия ба кишварҳои ғарбӣ, пеш аз ин аз сӯи бархе дигар аз сиёсатмадорони аврупоӣ низ матраҳ шуда буд.
Аз ҷумла рӯзи сешанбе Кая Каллас, нахуствазири Эстония дар ҳисоби твиттери шахсии худ навишт: “судури визои туристӣ барои русҳоро мутаваққиф кунед. Боздид аз Аврупо як имтиёз аст, на як ҳаққи башарӣ.”
Моҳи гузашта низ Эдгарс Ринкевич, вазири хориҷаи Латвия бо тарҳи дархости мушобеҳ гуфта буд кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бояд судури визо барои русҳоро ба далоили башардӯстона маҳдуд кунанд.
Хелсинки низ рӯзи душанбе аз вазъи маҳдудият барои гардишгарони русӣ ҳимоят карда буд. Санна Марин, нахуствазири Финляндия ба шабакаи телевизионии миллии ин кишвар гуфт: “ин дуруст нест, ки ҳамзамон бо ҷанги таҷовузкорона ва бераҳмонаи Русия дар Аврупо, русҳо битавонанд зиндагии оддӣ дошта бошанд, ба Аврупо сафар кунанд ва ба гардишгарӣ бипардозанд.”
Интизор меравад Эстония ва Финляндия ба зудӣ мавзӯъи визо барои шаҳрвандони Русияро дар нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо матраҳ кунанд.
Визои Шенгени Иттиҳодия Аврупо ба боздидкунндагон иҷоза медиҳад то ҳаддиаксар 90 рӯз барои гардишгарӣ ё тиҷорат дар Иттиҳодияи Аврупо иқомат дошта бошанд. Фарди соҳиби визо метавонад дар ин муддат озодона дар минтақаи Шенген сафар кунад.
Таҳоҷуми Русия ба Укроин, ки аз рӯзи 24 феврал оғоз шуд, то кунун ҳазорон кушта барҷой гузошта ва миллионҳо укроиниро маҷбур ба фирор аз кишвари худ кардааст.