Рубрики Хабарҳо

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соҳиби ду бинои нав шуд

Ду бинои нав — бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми ҳамин вазорат бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва писараш раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ифтитоҳ гардид.

Бинои маъмурии ВКД иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, тибқи иттилоъи сомонаи вазорат, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бинои нави маъмурӣ дорои 118 утоқи корӣ, 4 синфхонаи машғулиятҳои хизматӣ, толори маҷлисӣ бо 100 ҷои нашаст ва толори хурди конфронсӣ мебошад.

Ҳамчунин маркази нави ВКД дорои меҳмонхона буда, “барои меҳмонон 4 утоқ бо шароити зарурии зисту зиндагонӣ омодаву мавриди истифода қарор гирифтааст”.

Ҳамчунин Раисҷумҳур бо писараш Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд”.

Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мурабаъ баробар аст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон, ба хусус дар пойтахт биноҳои зиёди маъмурӣ сохта мешаванд.  Дар шароити бӯҳронии иқтисоди Тоҷикистон сохтмони биноҳои боҳашамат ҳади ақал ғайримантиқӣ ба назар мерасад. Кӣ ва чаро ба сохтмони ин биноҳо манфиатдор аст?

Таҳқиқоти Паём дар ин мавзӯъ ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *