Кишвари Фаронса танҳо бо кам кардани соати рӯшноии гузаргоҳҳои умумии худ тавонист рекоди таърихӣ аз сарфаҷӯӣ дар ҳавзаи энержиро ба сабт бирасонад.
Ин кишвар дар иқдоми пешгирона ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар гуна қатъи эҳтимолии барқи манозил, бо кам кардани муддати рӯшноии тирҳои чароғи барқ аз нимаҳои шаб то соати чаҳори субҳ муваффақ шуд масрафи барқ дар ин ҳавзаро нисбат ба соли гузашта 20 дарсад коҳиш диҳад.
Ба гуфтаи шабакаи тавзеъи барқи Фаронса, ин рекорди таърихӣ, ки дар нимаи аввали декабр ба сабт расид муодили 40 дарсад аз мизони масрафи солонаи барқ дар бархе навоҳӣ аст.
Фаронса ба далели мушкилоте, ки дар ҳавзаи нерӯгоҳҳои ҳастаии ин кишвар вуҷуд дорад бо нигаронии қатъи барқи эҳтимолӣ мувоҷеҳ буд. Ва аз моҳи октябр тарҳе мавсум ба “ҳушёрии энержӣ” барои коҳиши талаботро дар дастури кории худ қарор дод.
Интизор меравад ин кишвар дар соли ҷорӣ камтарин мизони тавлиди барқ тавассути энержии ҳастаиро дошта бошад. Гуфта шудааст, ки чандин реактори ҳастаии Фаронса ба далели хӯрдагӣ бинобар адами расидагӣ дар марҳилаҳои таъмир ва нигаҳдорӣ дар даврони ҳамагирии коруно аз чархаи тавлиди барқ канор гузошта шудаанд.
Ба гуфтаи ширкати барқи умумии “Электресити де Франс”, дар ҳоли ҳозир 16 реактори барқи ҳастаӣ дар Фаронса фаъол нестанд, ки албатта се реактор ба далели падид омадани ҳавои мӯътадил дар фасли зимистон, ҳамакнун ниёзе ба фаъолияти онҳо дида нашудааст.
Коҳиши рӯшноии умумӣ
Ба гуфтаи шабакаи тавзеъи барқи Фаронса, ин кишвар барои равшан нигаҳдоштани 11 миллион чароғи рӯшноӣ дар гузаргоҳҳои умумӣ, ба як реакитори ҳастаӣ ниёз дошт.
Пештар ба манзури коҳиши масрафи рӯшноии гузаргоҳҳои умумӣ ағлаби шаҳрҳои кӯчактар зудтар аз қабл барқи худро қатъ мекарданд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрҳои бузургтари Фаронса коҳиши дараҷаи гармоишро дар сохтмонҳои умумӣ ва коҳиши рӯшноии бархе сохтмонҳои давлатиро дар аввалияти худ қарор доданд.
Шаҳри Париж дар моҳи сентябр эълом кард, ки аз соати 22:00 чароғҳои зинатии сохтмонҳои шаҳрдорӣ ва салонҳои театрро хомӯш мекунад ва чароғҳои бурҷи Эйфел низ аз соати 23:45 хомӯш мешавад.
Шаҳри Лион низ дар иқдоме мушобеҳи чаҳори рӯз дар ҳафта байни соати 2-и бомдод то соати 4:30 субҳ бархе чароғҳои барқро хомӯш кард.
Саҳми мардум аз сарфаҷӯии барқ дар Фаронса чи қадар аст?
Дар сар то сари Аврупо, давлатҳо аз шаҳрвандон ва ширкатҳо хостаанд ба далели коҳиши арзаи гази Русия дар талофии таҳримҳои Ғарб, дар масрафи энержӣ сарфаҷӯии кунанд.
Дар авоили моҳи декабри ҷорӣ, шабакаи тавзеъи барқи Фаронса эълом кард, ки хоҷагиҳо ва ширкатҳо низ масрафи барқи худро коҳиш додаанд, ба тавре ки дар бахши масорифи хонагӣ бо коҳиши беш аз 10 дарсадӣ рӯ ба рӯ ҳастем.
Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар тобистон тавофуқ карданд, ки тақозои газии худро ба мизони 15 дарсад коҳиш диҳанд ва дар сентябр бар рӯйи коҳиши иҷбории 5 дарсадии барқ дар соати авҷи масраф ва коҳиши 10 дарсадӣ дар маҷмӯъи тақозои куллии барқ тавофуқ карданд. Амре, ки то кунун кишвари Фаронса тавонистааст ба хубӣ аз пас он барояд.