Дирӯз, 3 октябр дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бо ибтикори ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистону Русияву Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов баргузор гашт. Ҳадафи ин мулоқот поён додан ба танишҳои марзӣ байни ду кишвари ҳамсоя унвон шуда буд.
Русия борҳо пешниҳоди миёнаравӣ дар ин баҳсро дода буд, аммо Тоҷикистону Қирғизистон онро нодида мегирифтанд. Билохира дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ Путин муваффақ шуд Раҳмону Ҷабборовро дар ду тарафи худ нишонад ва низоъи марзиро бо онҳо баррасӣ кунад. Аммо ба назар мерасад муваффақ нашуд.
Ҳам шурӯъи ин мулоқот бисёр сард буд ва ҳам хабарҳои нашршуда дар расонаҳои давлатии ҳарду кишвар баъди мулоқот баёнгари онанд, ки ҳеҷ тафовуқи ҷиддие дар ин мулоқот ба даст наомадааст.
Дар навори кӯтоҳе, ки хабаргузории РИА Новости нашр кардааст, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов пеш аз шурӯъи мулоқот ба якдигар даст надоданд. Эмомалӣ Раҳмон бидуни эътино аз назди раисҷумҳури Қирғизистон гузашта ба Путин даст медиҳад ва ба курсии худ менишинад. Ҷабборов ҳам вонамуд мекунад ӯро надидааст.
Дар аксҳои нашршуда ҳам дида мешавад ҳарду раисҷумҳур табъи хира доранд. Акси якҷоя баъди гуфтушунид, ки ҳамеша ҷузъе аз ин гуна мулоқотҳо мебошанд, нашр нашуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар хабари кӯтоҳу хушке навиштааст “дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд. Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делиметатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд”.
Хабари дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон ҳам ҳамин гуна кӯтоҳу хушк аст ва бештар аз ин чизе нагуфтааст.
Зоҳиран беамалии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки ҳарду кишвари ҳамсоя аз он умедҳое доштанд, ҷонибҳоро дилсард кардааст. Дар чанд низоъи ахир, ки байни ду кишвар рух дод ва ҳатто ҷониби Қирғизистон расман ба ин созмон муроҷиат кард, СПАД ҷуз пахши ихҳорот ва фарохонии ҷонибҳо ба хештандорӣ коре анҷом надод.
Коршиносон ба ин назаранд, ки Русия наметавонад нақши миёнарав дар ин баҳсро иҷро кунад, чун худаш бинобар гир мондан дар ҷанги Укроин ба миёнаравҳо мӯҳтоҷ шудааст. Бо гумони ғолиб ба зудӣ Чину Туркия ва ё ҳатто Иттиҳоди Аврупову Амрико омодагии худ дар миёнаравӣ байни ду кишвари қашшоқи Осиёи Миёна ва кӯмак барои хатми муноқишаҳоро изҳор хоҳанд кард.