Рубрики Хабарҳо

Дар Наврӯз шаҳрвандон 8 рӯз истироҳат мекунанд

Наврӯзи имсол шаҳрвандони Тоҷикистон 8 рӯз истироҳат мекунанд. Бори аввал аст, ки дар як ҷашни миллӣ дар Тоҷикистон чунин муддати тӯлонӣ истироҳат эълон мешавад.

Тибқи додаи Федерасиюни иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тасмим бар ин шуда, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад.

“Аз ин хотир, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда мешаванд. Ҳафтаи нави корӣ рӯзи 27 март оғоз мегардад”, — эълон крадааст Федератсюн.

Ба ин тариқ, дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 8 рӯз пайиҳам — 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март истироҳат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, “Азия-Плюс” бо истинод Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар дода, ки имсол рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактабхонҳо кам карда мешавад.

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 20 то 26 март ба таътил баромада, рӯзи 27 март дарсҳо оғоз мешаванд.

Қаблан таътили баҳории мактабхонҳо 10 рӯз буд ва то 1 апрел давом мекард.

Дар Вазорати маориф зикр кардаанд, ки ин қарор бо сабаби то 20 январ дароз шудани таътили зимистонаи макатабхонҳо қабул шудааст.

Он замон зикр гардида буд, ки соатҳои дарсии дар давоми таътили моҳи январ иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *