Рубрики Хабарҳо

Интиқоли маблағ аз Русия дар семоҳаи саввум ду баробар кам шудааст

Дар ҳашт моҳи охири соли гузашта маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба 2 миллиарду 6 миллион доллар баробар аст. 

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттлоъи қаблӣ, дар нимсолаи аввал, яъне шаш моҳ, муҳоҷирон бештар аз $1,7 млрд ирсол карда буданд, ки ба ҳар моҳ $285 миллионӣ рост меояд. Аммо дар ду моҳи семоҳаи саввум ба ҳар моҳ танҳо $150 млн.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан дар семоҳаи саввуми сол бештар аз ду семоҳаи аввал маблағ исрол мешуд. Зоҳиран ба ҳаҷми интиқоли маблағҳо таъсиси Маркази протсессингии Бонки миллӣ, ки системаи интиқоли пулро ба бӯҳрон дучор кард, таъсир кардааст.

Хабаргузории Lenta.ru бо такя ба манобеаш хабар медиҳад, ки дар умум шаҳрвандони Осиёи Марказӣ сар аз соли 2009 то 2018 дасти кам 141 миллиарду 400 миллион  долларро аз Русия ба кишварҳои худ интиқол додаанд.

Манбаъ бо истинод ба ширкати FinExpertiza хабар медиҳад, ки аз ҳама беш соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Чин, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Украина ба пайвандони худ маблағ интиқол доданд.

Гуфта мешавад, дар феҳрасти кишварҳои пешсаф аз лиҳози интиқоли маблағ, Узбекистон садрнишин аст. Наздики 30 дарсади интиқоли маблағ аз Русия маҳз ба кишвари Узбекистон сурат гирифтаст.

Қобили зикр аст, ки аз Тоҷикистон ҳудуди зиёда аз1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва маблағи ирсолкардаи онҳо аз омилҳои асосии таъмини суботи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *