Рубрики Хабарҳо

Дар пайи дастгирии Умрон Хон ҳазорон нафар дар Покистон тазоҳурот карданд

Умрон Хон, нахуствазири пешини Покистон рӯзи сешанбе ҳангоми ҳузур дар додгоҳе дар шаҳри Исломобод барои расидагӣ ба иттиҳоми фасод, дастгир шуд. 

Дастгирии ӯ эътирози ҳомиёнашро дар саросари кишвар аз ҷумла Лоҳур ва Карочӣ дар пай дошт, ки дар ниҳоят бо мудохилаи пулис ва партоби гази ашковар ва истифода аз мошинҳои обпош саркӯб шуд. 

Тарафдорони ӯ бархе ҷодаҳоро дар наздикии Исломобод ҳамчунин дар шаҳри Пешовар дар ғарби пойтахт бастанд. Гурӯҳи дигаре аз мӯътаризон низ ба маҳалли иқомати фармондеҳи артиш дар Лоҳур юриш бурданд ва дарвозаи мақари умумии артиш дар шаҳри казармаии Равалпиндиро муҳосира карданд. 

Полиси Исломобод дар сафҳаи расмии Твиттери худ, бо ишора ба яке аз парвандаҳои фасоди нахуствазири пешини Покистон навишт, ки “Умрон Хон дар парвандаи қодир ба эътимод боздошт шудааст.” 

Умрон Хон, ки қасди бозгашт ба қудратро дорад, аз замони барканорияш дар соли гузашта ҳадаф чандин парвандаи қазоӣ будааст. Бо ин вуҷуд то кунун муваффақ шуда буд талошҳои мухталиф барои дастгирияшро хунсо кунад. 

Аммо саранҷом видеое, ки шабакаҳои телевизионии Покистон дар рӯзи сешанбе мунташир карданд, ӯро нишон дод, ки тавассути даҳҳо низомӣ иҳота шуда буд ва ба дохили як худрави зиреҳӣ дар дохили сохтмони додгоҳи олии Исломобод ҳел дода мешуд. 

Алӣ Бухорӣ, вакили ҳизби Умрон Хон (Таҳрики инсофи Покистон) дар бораи он чи рӯй дода ба хабаргузории Фаронса гуфт: “ҳангоме, ки ба утоқи контроли биометрики додгоҳ расидем, даҳҳо маъмур ба мо ҳамла карданд. Ўро кутак заданд ва берун кашиданд”. 

Умрон Хон, ки пешбинӣ мекард боздошт шавад, дар видеое аз пеш забт шуда эълом кард: “покистониҳои ман, замоне, ки ин паём ба даст шумо бирасад, ман дар робита бо мавзӯе ғайримашрӯъ дастгир шудаам. Ҳуқуқи асосӣ дар Покистон, ҳуқуқе, ки мутобиқ бо Қонуни асосӣ ва демокрасии мо, ба хок сипурда шудааст.” 

Дастгирии ӯ як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки артиш нисбат ба “иддаоҳои беасос”-и Умрон Хон ҳушдор дод ва иддаоҳои Умрон Хонро “сохтагӣ ва мухарриб, бисёр таассуфовар ва ғайри қобили қабул” тавсиф кард. 

Умрон Хон дар ҷараёни як гирдиҳамоӣ, ки охири ҳафта дар Лоҳур баргузор шуд, бори дигар иддао кард, ки сарлашкар Файсал Насир, раиси Созмони иттилооти Покистон дар амалиёти суъиқасд ба ҷони ӯ дар ноябри 2022 даст доштааст. 

Дар ҷараёни ин ҳамла, Умрон Хон бар асари исобати гулӯла аз ноҳияи по маҷрӯҳ шуд ва агарчи дар он замон манобеъи расмии Покистон як марди мусаллаҳро омили ҳамла ба Умрон Хон муаррифӣ ва ӯро боздошт карданд, аммо нахуствазири пешин ин тафсири расмӣ аз воқеаро рад мекард ва ба ин мавзӯъ ишора дошт, ки мақомот ҳозир ба анҷоми таҳқиқот барои шиносоии “муқассирони воқеӣ”-и ин ҳамла нашудаанд. 

Умрон Хон ҳатто Шаҳбоз Шариф, ки пас аз ӯ ба мақоми нахуствазирии Покистон расидро муттаҳам ба даст доштан дар тарҳи террори худ медонад; Аммо Шариф низ ин иттиҳомотро рад ва эълом кардааст, ки “иддаоҳои ӯ, он ҳам бидуни ҳеҷ мадраке алайҳи генерал Файсал Насир ва афсарони Созмони иттилоотии мо, на қобили қабул ва на қобили таҳаммул аст.” 

Дар Покистон, интиқод аз ташкилоти низомӣ бисёр нодир аст, чун раҳбарони артиш нуфузи қобили таваҷҷуҳе дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвар доранд. 

Мақомоти артиш муддатҳост, ки муттаҳам ба дахолат дар зуҳуру суқути давлатҳо дар Покистон ҳастанд ва артиши қудратманди Покистон аз замони истиқлоли ин кишвар дар соли 1947, дасти кам се кудато анҷом додааст. 

Дастгирии Умрон Хон дар рӯзи сешанбе нишон дод, ки то чӣ андоза равобити ӯ бо артиши қудратманди кишвараш вахим шудааст ва ба назар мерасад, ки мақомоти аршади низомӣ низ қасд надоранд ин шикофро кам кунанд. 

Артиш дар ибтидои ба қудрат расидани Умрон Хон дар соли 2018 ҳомии ӯ буд аммо баъдан ба қаҳрамони пешини крикети Покистон пушт кард ва дар ниҳоят низ Умрон Хон дар апрели 2022 бо раъйи адами эътимоди парлумон аз қудрат барканор шуд. 

Аммо Хон бекор нанишаст ва пас аз он борҳо давлати эътилофии Покистонро барои баргузории интихоботи зудҳангом таҳти фишор гузошт. 

Хон аз замони барканории худ, ҳадафи даҳҳо парвандаи қазоӣ будааст, ки

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *