Рубрики Хабарҳо

Дар Вазорати хориҷа кор кардан мехоҳед? Маош аз 122 то 163 доллар

Агар шумо мехоҳед дар ин бинои зебову замонавӣ ва вазорати муҳими кишвар кор кунед, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон кардааст. Маоше, ки ин вазорат пешниҳод мекунад аз 122 то 163 долларо ташкил медиҳад, ки баробари 2 хӯроки нисфирӯзӣ дар ресторани «Бурак» аст, ки тоза дар Душанбе бозҳ шуд.

Ин вазорате, ки қаблан бисёриҳо орзу доштанд дар он кор кунанд, мехоҳад бо партохти 1380 сомонӣ то 1847 сомонӣ нафаронер, ки маълумоти олӣ, собиқаи корӣ, малакаи раҳбарӣ ва 0айра доранду чанд забонро ҳам медонанд, юа кор ҷалб кунад. 

Рӯйхати мансабҳои холӣ, ки вазорат пешниҳод кардааст шомили атташе, котибони сеюм, дуюм ва аввали чанд шӯъба ва мусовири чанд раёсату сарраёсат аст.  

Музди меҳнати заминавӣ, ки вазорат барои мансаби атташе ва котиби сеюм доданист — 1380 сомонӣ, барои мансаби котиби дуюм – 1519 сомонӣ ва барои котиби якум ва мушовир  – 1847,60 сомонӣ будааст, ки мутаносибан 122, 134 ва 163 долларро ташкил медиҳанд. 

Дар ҳамин ҳол вазорат барои қабул ба ин мансабҳо 6 шарт гузоштааст: таҳсилоти олии касбӣ, 2 то 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ,  мавҷудияти малакаи хуби муошират, донистани муқаддасоти миллӣ,  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Ҳамчунин довталабон бояд 12 намуд ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.

Дар охир вазорат ҳушдор додааст, ки барои ишғоли мансабҳо бо моҳонаи 122 долларӣ “довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд  ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд  ба озмун роҳ дода намешаванд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *