Дар расмии Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар Фейсбук мактуби саркушодае нашр шуд, ки дар он гуё сокинони ноҳияи Рушон бо муроҷиат ба роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтаанд, «сокинони Рӯшон даст ба қонуншиканӣ нахоҳанд зад ва гӯш ба хоинони миллат нахоҳанд дод»
Дар чанд акси гузоштаи Дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон имзои чанд нафар, ки муаллифони номаи саркушода муаррифӣ мешаванд, гузошта шудааст.
Муаллифон ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки дар паҳлӯи Ҳукумат ҳастанд ва қонунро риоя мекунанду ба дасисаҳо аз хориҷ дода намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Кабирӣ чанде пеш дар як навор гуфта буд, ки «миллат бояд дар паҳлӯи мардуми Рӯшон бошад».
Муаллифон ин гуфтаҳои Муҳиддин Кабириро дасисаандозиву кӯшиши раиси мухолифин дар истифодаи сокинон дар «ҷиноятҳои тарҳрезишудаи Кабирӣ» хондаанд.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки «Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст».
Дар мавод, дар ишора ба гирдиҳамоии чанде пеш қайд мешавад, ки «ду ҷинояткоре, ки кирдорҳои онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Рушон гаштааст», мавриди таърифу тавсифи мухолифин гаштаанд.
«Дар ноҳияи Рушон қонуну қоида пойдор буда, Мақомотҳои қудратӣ вазифаҳои худашонро иҷро мекунанд. Мардуми Рӯшон бошад чӣ кор карданашонро медонанд».
То ҳол ба номаи нашркардаи мақомоти вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон вокунише нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти амниятии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон исрор доштанд чанд сокини ноҳияи Рушон, ки ҳангоми боздошти теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат гуё монеатарошӣ карда, раиси идораи амнияти миллии ин минтақаро захмӣ кардаанд, бояд худро таслим кунанд.
Аммо сокинони ноҳияи Рушон таъкид мекарданд, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат ҳеҷ гуноҳе надоранд, ки боздошт шаванд.
Ҳамин тавр бо тавофуқи ҷонибҳо ашхоси гумонбар дар монеатарошӣ ҳангоми амалиёти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳар як нафар фақат ба пардохти 190 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд. Бо ин ҳол бархе аз коршиносон фуру омадани мақомоти амниятиро ба иттифоқ будани мардуми ин минтақа рабт медиҳанд.