Рубрики Хабарҳо

Кадупирамида дар Берлин ва навъҳои анъанавии маҳсулоти кишоварзӣ

Тавре агентии миллии “Ховар” хабар медиҳад, бори аввал маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи “Ҳафтаи байналмилалии сабз” дар Берлин ба намоиш гузошта шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар додааст, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 87-уми «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар маркази намоишгоҳҳои Берлин “Messe Berlin», ки 20 январ оғоз гардид, муаррифӣ карда шудааст. 

Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкории баъдӣ бо шарикон ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба гӯшаи худро дар он ташкил кард, омадааст дар хабар.

Дар хабар наомадааст, ки Тоҷикистон кадом намуди маҳсулоти худро дар намоишгоҳ пешкаши тамошобинон кардааст, вале гуфта мешавад, “дар гӯшаи Тоҷикистон зиёда аз 160 номгӯй маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, меваҳои тару тоза ва хушк, афшураҳо, обҳои ташнагишикан, ҳамчунин брошюраҳо дар бораи зарфияти кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар ин самт пешкаши тамошобинон гардиданд”. 

Ҳукумати кишвар дар ташкил кардани намоишгоҳҳои аҷибу ғарибе ба монанди “тарбузпирамида”, “трактори картошкагӣ”, “фаввора аз даруни каду” ва аз ҳама дӯстдоштаи раисҷумҳур “кадупирамида” машҳур аст ва аллакай ҳамаи сиёсатмадорони минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ин “дастовардҳои” кадушоҳи Тоҷикистон бохабар ҳастанд. Чунон бохабар ҳастанд, ки шояд дар хоби ҳавлноки худ низ ин манзараҳои “нестандарҷаҳон”-ро бинанд.  Ин сиёсати кадупирамида бештар аз 20 сол аст, ки идома дорад. Як таҳлилгари ҳукуматгаро боре аз ин иқдоми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ситоиш карда буд, ки беҳтарин рекламаи меваву сабзавоти Тоҷикистон аст, чун дар баладтарин сатҳ анҷом мешавад. Вале то ҳол, бо гузашти ду даҳсола ва харҷи миллионҳо доллар барои ин рекламаи нестандарҷаҳон, ҳатто як созишномаи байнидавлатӣ барои хариди меваҳои “биҳиштӣ” тасвиб нашудааст. Шояд даҳҳо имзо шудаанд, вале рӯи қоғаз боқӣ мондаанд.

Мардуми кишвар низ аз ин намоишгоҳҳо дилбазан шудаанд ва тобу тоқати шунидани хабари “сафари корӣ”-и кадушоҳро ба минтақаи худ надоранд, зеро агар аз як тараф ҳамаи роҳҳо баста шаваду мардум сарсону саргардон гарданд, аз тарафи дигар боз намоишгоҳҳои кадупирамида ва картошкатрактор ҳамаро дилбеҳузур хоҳад кардаанд.

Албатта, ин чунин маъно надорад, ки дар Тоҷикистон меваву сабзавот нест ва ё он бемаззаву белаззат аст. На, баръакс, меваҳои асили Тоҷикистон хеле ширину хушмазза ҳастанд, вале дар натиҷаи “сиёсати хирадмандона”-и “пешво” навъҳои хушмаззаву анъанавии меваву сабзавотҳои кишвар аз даст рафта истодаанд. Аз ҷумла, тавре CABAR.asia хабар додааст, дар давоми сӣ соли ҳукумати “пешво” ҳудуди 70 дарсади навъҳои ба минтақаҳо мутобиқшудаи меваву сабзавоту маҳсулоти полезӣ аз даст рафтаанд ё парвариш намешаванд. Махсусан зироатҳои сабзавоту ғалладона таъсири бештар дидаанд. Қариб ҳамаи навъҳо ва гибридҳои помидор, бодиринг, қаламфур, бодинҷон, гулкарам, брокколи, ҷуворимакка ва баъзе навъҳои гандум ҷорӣ карда шуда, ба рӯйхати навъҳои минтақавӣ дохил карда нашудаанд ва аз даст рафтаанд. Ҳамчунин себу ноки навъҳои «Флёри сафед», «Симиренко» и «Розмарин», навъҳои зардолуи «Аҳрорӣ», «Аҳрори Хӯҷа» (пешпазак), «Самаркандӣ» (пешпазак), «Арзами катта», «Моҳтобӣ», «Субҳонӣ», «Қандак», «Аҳмадӣ», «Гулунгӣ», «Каду» ва «Хурмоӣ» пурра аз даст рафтаанд ва ё адади камшуморе аз онҳо мондаанд.

Ба ҷои онҳо аз хориҷа навъҳое ворид мешаванд, ки шакли зебо доранд, ба баъзе бемориҳо тобоваранд, вале маззаву лаззати асиле, ки меваҳои Тоҷикистон бо он шинохта шудааст, надоранд. Табиист, ки муштариёни хориҷӣ ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд, зеро ин навъҳо дар Аврупо, хусусан Испания ва Туркия ба таври фаровон мавҷуданд ва барои интиқол ба Олмон наздиктару осонтаранд. Барои мисол, барои интиқоли зардолуи тар аз Тоҷикистон, ки амалан дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дорад, бо роҳи заминӣ то Олмон ҳудуди 20 то 30 рӯз лозим аст. Барои ин ҳудуди 7 ё 8 кишварро убур карда, наздик ба 6000 километр масофаро тай кардан лозим аст. Аз Туркия ё Испания бошад, масофа бамаротиб кӯтоҳтар аст ва онро метавон дар 2-3 рӯз тай кард. Ҳоҷат ба гуфтан нест, ки дар ин бозор рақобат кардан хеле душвор мешавад. Илова бар он, Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат хурд аст ва ба болои он, 93 дарсади онро кӯҳ ишғол кардааст. Барои таъмини бозори Аврупо, ки ҳудуди 450 миллион нафар аҳолӣ дорад, имкониятҳои хеле васеътар аз он лозим аст, ки Тоҷикистон ҳоло дорад. 

Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон агарчи ҷои дуввумро дар соҳаи дидматрасонии иқтисод ишғол мекунад, вале амалан яке заифтарин дар минтақа ва ҳатто ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти Агентии омори кишвар, 1,5 миллион нафар (51 дарсади аҳолии коршоям) дар ин соҳа машғул ҳастанд. Ҳамагӣ 30% масоҳати кишвар ҳамчу заминҳои кишоварзӣ ва 7% замини корам ба ҳисоб мераванд. Танҳо 68% заминҳои корами кшивар объёрӣ мешаванд, ки бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар пасттарин сатҳи заминҳои обёришаванда дар вобастагӣ ба шумораи аҳолӣ қарор гирифтааст.

Бо назардошти ин ҳама, Тоҷикистон бо кадом мақсад дар ин намоишгоҳ иштирок кардааст ва миллионҳо сомонӣ аз буҷаи давлат, аниқтараш аз кисаи мардум сарф кардааст, маълум нест. Оё танҳо барои ифтихор бо он, ки “аввалин маротиба”  дар намоишгоҳи Олмон иштирок кардааст? Оё бо ифтихори холӣ шиками мардум сер мешавад? Ва оё ин намоишгоҳ кишварро мавриди хандахариши ҳама дар сатҳи ҷаҳонӣ намесозад?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *