Рубрики Хабарҳо

Мақомот ҳудуди 1000 нафарро аз сафари умра боздоштанд

Ҳудуди ҳазор нафар хоҳишмандони сафари умраро дар як моҳи охир масъулони Кумитаи дин дар Тоҷикистон аз роҳашон гардондаанд. Масъулин талаб кардаанд, ки хоҳишмандон танҳо ба воситаи ширкатҳои  «Ормон» ва «Мунзал» ба Арабистони Саудӣ бираванд. Аммо гуфта мешавад, хадамоти ин ширкатҳо гарон аст ва, бинобар ин, тавассути созмонҳои мустақили сайёҳии дигар ва ё тавассути Узбекистону Русия мераванд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ масъулони Кумитаи дин, ниҳоди нозир бар умури ҳаҷ, гуфтаанд, танҳо дар як моҳи охир ҳудуди ҳазор нафарро аз роҳи Арабистон баргардонданд. Сабаб он будааст, ки  «танҳо дар натиҷаи сафарҳои ғайрирасмӣ дар 1-2 моҳи гузашта ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ вафот карданд. 

Аммо, чи касоне дар роҳ вафот кардаанд маълумоте дода нашудааст.

Гуфтанист, дар гузашта сокинон мустақилона ба ҳаҷ ва умра мерафтанд, аммо чанд сол аст, ки сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон ба бизнес табдил ёфта онро шахсони наздик ба оилаи раисҷумҳур монополия кардаанд. Тамоми Тоҷикистониён вазифадоранд, агар ҳаҷ рафтанӣ бошанд бояд фақат ба ширкатҳои  «Ормон» ва «Мунзал» муроҷиат кунанд. 

Хидматрасонии ин ду ширкат бошад, се чаҳор баробар қимматтар аз ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя аст.

Нархи сафар аз Тоҷикистон ба умра, ки ду ҳафтаро ташкил медиҳад, аз 21 то 25 ҳазор сомонӣ ҳудуди то 2500 доллар аст. Сафари ҳаҷ 61 ҳазор сомонист, ки барои бештари сокинон дастнорас аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *