Имрӯз, 11 июл дар идомаи сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар» мавриди истифода қарор гирифт.
“Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Кӯдакистон бо фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад.
Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқ ба завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
“Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube